Омор: Фоидаи Маскав аз тоҷику узбак нисбати нафт бештар шуд
Муҳоҷирони меҳнатӣ, аксаран тоҷикону узбакҳо давоми соли равон ба буҷаи шаҳри Маскав 6,8 миллиард рубли русӣ пардохт кардаанд, ки ин дар муқоиса ба фоидаи пойтахти Русия аз ширкатҳои нафтӣ 2,3 баробар зиёд мебошад.
Дар ин бора Максим Решетников, сардори раёсати сиёсати иқтисодии шаҳри Маскав хабар дода, афзудааст, ки соли равон аз ҳама зиёд шаҳрвандони Узбакистон-43%, Тоҷикистон-30% ва Украина-16% патент гирифта, ҳаққи кор дар Максавро дарёфт намуданд. Решетников арзиши як патентро 4200 рубл хондааст.
Дар маҷмуъ маркази муҳоҷирати шаҳри Маскав 195 ҳазор патент дода, 199 ҳазор ташхиси тиббӣ ва 128 ҳазор санҷиши забону таърихи Русияро гузарондааст.
Решетников аз роҳандозӣ шудани чунин низоми иқтисодии муҳоҷират ҳимоят карда, изҳор доштааст, ки он ҳам ба фоидаи буҷа, ҳам сокинони Маскав ва ҳам муҳоҷирон мебошад. Ӯ таъкид намудааст, ки нерӯи корӣ дар Маскав қонунан ба қайд гирифта шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |