Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон дар нишасти хабарии ниҳодаш гуфт, хабарнигорони тоҷикро барои истифодаи вожаҳои ноошно ҷарима хоҳанд кард. Ба гуфтаи ӯ, барои мушаххас кардани ин гуна маворид комиссияи махсус таъсис шудаву даст ба кор аст. Дар зимн, “Озодагон” аз коршиносон пурсид: АМАЛИ КУМИТАИ ЗАБОН МАНТИҚӢ ВА ҶОИЗ АСТ?
Исфандиёри ОДИНА, пажуҳишгари масоили забон
Албатта дар мавриди мантиқӣ будан ё набуданаш наметавонам чизе бигӯям, шояд мантиқӣ бошад. Ҷоиз буданаш ё набуданашро ҳам намедонам, чун ҷавоз (иҷоза)-ашро аз ман намегиранд. Шояд қонун иҷоза бидиҳад. Аммо ба назари шахсии ман, агар чунин кумисиюне воқеъан таъсис бидиҳанд, беҳтар аст аъзои ин кумисиюн матолиби нашрияҳо ё расонаҳоро аз назари корбурди дурусти вожагони забон, фасоҳату балоғат, маъно ва мафҳум, сохтори дурусти ҷумалот ва ғайра баррасӣ кунанд ва иштибоҳоти луғавию маъноиро бо такя ба мароҷеъи муътабар (яъне луғатномаҳои куҳан) ошкор кунад ва бо нивиштани мақолоте ба нақду баррасии матолиби расонаҳо аз назари забоншиносӣ бипардозанд. На ин ки калимот ва истилоҳотеро, ки худашон намедонанд, бидуни такя ба манобеъ ё мароҷеъи забон гулчин кунанду ба онҳо муҳри "бегона" бизананд ва дастур бидиҳанд, ки фалон вожа ё истилоҳ ё мафҳум "ғалат аст" ва дигар ба кор набаред. Фикр намекунам ҷарима роҳи ҳалле барои ислоҳи забони расонаҳо ва матбуъот бошад. Аз сӯи дигар, аъзои ин кумисиюн бояд воқеъан аз забоншиносону мутахассисони расона иборат бошад онҳо барои ҳама гуна вокуниш ё нақду баррасии корашон аз сӯи дигарон омода бошанд. Нашавад, ки чанд иштибоҳро бигиранду худашон иштибоҳоти фаровони дигареро муртакиб шаванд.
Абдулқодири РУСТАМ, нависанда ва забоншинос
Ин ки Кумитаи забон дар назар дорад барои баррасии забони расонаҳо гуруҳи вежа ташкил бидиҳад, амре мантиқист ва дар чорчӯби фаъъолиятҳои ин кумита. Воқеан забони расонаҳои тоҷикӣ ба баррасии интиқодӣ ниёз доранд. Аммо, бояд бидонем, ки манзури Кумитаи забон аз калимаҳои бегона чист? Барои ман ва низ баъзе дигар касоне ки чун ман бо забони модарӣ сару кор доранд, вожаҳои "суд", "прокуратура", "конститутсия" , ки ба танҳоӣ ва ё дар таркиби номвожаҳо дар Тоҷикистон мақоми расмӣ ёфтаанд, бегона ҳастанд, вале Кумитаи забон онҳоро бегона намешуморад. Ва баръакс масъулини ин кумита вожаҳоеро бегона мешуморанд, ки мо бегона намедонем. Дар ин замина ҳамназарӣ вуҷуд надорад. Ба ин далел, ин кори Кумитаи забон метавонад боиси муҷозот шудани касон ва расонаҳое шавад, ки барои ғанитар шудани забон, барои баён ва изҳори матлаб дар ҷустуҷӯйи таркибу вожаҳои нав ҳастанд, дар ин роҳ гоҳе муваффақ мешаванд ва гоҳе ноком. Ва амали Кумитаи забон, сарфи назар аз он ки мақсадашон чист, боиси маҳдуд ва масдуд шудани рушди забон мешавад. Иқдоми аввалине, ки ба назари ман бояд Кумитаи забон анҷом диҳад, ислоҳи номи вазорат, кумита ва ниҳодҳои давлатӣ аст, ки гоҳе чарбабардорӣ аз забони русӣ аст. Аз ҷумла номи худи Кумитаи забон, ки расман Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Тоҷикистон аст. Ин "назди" ҳамон тарҷумаи ҳарф ба ҳарфи "при"-ии русӣ аст. Дар тоҷикӣ "вобаста" бояд гуфт ва ё аслан бидуни "вобаста". Яъне, агар бигӯем "Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон" кофӣ аст. Масъалаи дигар, ки бояд авлавияти фаъъолияти Кумитаи забон бошад, назорат бар овезаҳо ва лавҳаҳои хиёбонҳои шаҳрҳои мост ва ислоҳи таркибҳои аблаҳонае чун "мо кушода шудем", маркази ош", "маркази палов", "маркази ҳусн" ва ғайра...
Дориюш РАҶАБИЁН, муассиси гуруҳи “Забони порсӣ” дар Фейсбук
Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон шояд фаромӯш кардааст, ки забони миллии Тоҷикистон маҳдуд ба марзҳои сиёсии кишвари мо намешавад. Забони мо дар ҷаҳон фақат ҳамин 8 милюн гӯишварро надорад, балки шумори гӯишварони он то ба 150 милюн тан мерасад. Пас Кумитаи забон ва истилоҳот бояд бидонад, ки салоҳияти маънавии таъйини забони меъёр ба таври яктарафаро надорад. Барои як чунин тасмимгирӣ ногузир аст, ки Кумитаи забон ва истилоҳот бо Фарҳангистони забону адаби форсӣ дар Теҳрон ройзанӣ кунад. Беҳуда нест, ки Фарҳангистони забону адаби форсӣ дар таркиби худ аъзое аз Тоҷикистон ҳам дорад. Тасмимгирии яктарафа аз сӯи Тоҷикистон ҷомеъаи фарҳангии моро, ки пушти садди хатти пириллик қарор дорад, бештар аз ин мунзавӣ ва гӯшагир хоҳад кард ва ба марги тадриҷии забони Рӯдакӣ дар сарзамини Рӯдакӣ хоҳад анҷомид. Дигар ин ки забон як падидаи мунҷамид ё яхбаста нест, балки сайёлу пӯёст. Дар забонҳои бузурги ҷаҳон вожасозӣ як амри рӯзмарра аст. Ҳамарӯза даҳҳо вожаи нав вориди забон мешавад, то забон зинда ва имрӯзӣ бимонад. Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон наметавонад бо таъйини шумори мушаххасе аз вожаҳо монеъ аз корбурди вожаҳои тоза ё сохтани истилоҳоти нав шавад. Чунин коре амалан мантиқӣ нест, магар ин ки қасдамон куштани забони миллии Тоҷикистон бошад. Бо вуҷуди эҳтироме, ки ба бону Гавҳар Шарофзода дорам, бояд бигӯям, ки суханони дирӯзи эшон бароям бисёр ногаҳонӣ ва навмедкунанда буд. Дастикам аз раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон интизор меравад, ки маъно ва талаффузи вожаи “мутамаркиз”-ро бидонад, ки ӯ баиштибоҳ онро “мутамарказ” мегӯяд. Бону Шарофзода "ҳаводис”-ро барои забони мо бегона медонад, ки ин ҳама дар осори бузургонамон ба кор рафтааст. Ё вожаи “инфиҷор” барояш ноошно ҷилва кардааст. Дар ҳоле ки ҳамаи ин вожаҳоро мешавад дар “Фарҳанги забони тоҷикӣ” ва даҳҳо фарҳанги муътабари порсӣ пайдо кард, чун ҳамаи онҳо аз аҷзои забони мо ҳастанд. Имрӯза дар забони порсии меъёр “инфиҷор” танҳо баробари порсӣ барои “взрыв”-и русӣ ба шумор меояд ва “таркиш” ба маънои хурдаҳо ё тиккаҳое филизист, ки бар асари инфиҷор пароканда мешавад ва ба русӣ ба он “осколок” (осколки) гӯянд. Бо ин рӯйкард мешавад муддаъӣ шуд, ки мо барои фасл кардан омадаем, на барои васл кардан. Мо барои хурду ҳақир кардани забонамон омадаем, на барои бузургу ҷаҳонгир кардани он. Бо омӯзишу густариши забони порсии меъёр аст, ки тоҷикон метавонанд ба забони модарии худ ба ганҷинаи азими дониши ҷаҳонӣ дастрасӣ дошта бошанд. Барои чи бояд монеъ аз дастрасии мардум ба ин неъмат шуд? Барои чи бояд ба ҷои ташвиқи мардум ба варақ задани фарҳангҳои луғот танбалии онҳоро тавҷеҳ кунем ва бигӯем, ки "кампир луғат намехонад"? Ин чи бархурди тавҳиномез ба мардуми кишвар аст, ки онҳоро ҳатто қодир ба ҷустуҷӯи вожаҳо дар фарҳангҳо надонем? Бо ин рӯйкард шигифтиовар нест, агар фардо Рӯдакиро ҳам ғиёбан ҷарима кунанд, ки гуфта буд: Бирав, зи таҷрубаи рӯзгор баҳра бигир, Ки баҳри дафъи ҲАВОДИС туро ба кор ояд. Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистонро мебояд, ки аз таҷрубаи рӯзгор баҳра бигирад, то забони Рӯдакиро дар сарзамини Рӯдакӣ камтавонтар аз ине, ки ҳаст, накунад.
Обид ШАКУРЗОДА, рӯзноманигор ва забоншинос
Ин гуна дастбакор шудану ибтикор намоиш додани сарвари Кумитаи забон бидуни шакк шойиста аст. Аммо, ба гумони ғолиб, ин сарвар аз даррҳамбарҳамӣ дар алифбову имлову нигоришоти подарҳавои имрӯза дар фазои илму адабу фарҳанги тоҷикон, ки ҳанӯз ҳам гирифтор дар манҷалоби сириллики аз рус таҳмилшудаанд, гич мондааст ва намедонад сарриштайи ин калофаро аз куҷо пайдо кунаду сомон бахшад. Кош ба ислоҳ кардани шеваи нигориши рӯзноманигорон кор тамом мешуд? Аммо, сипос ба ин рӯзноманигорон, ки ҳадди ақалл бо ошноӣ аз таҳаввулоти рӯз, бо дилсӯзи аз забони модарӣ, то ҳадде баройи шевоию балоғату салосати он кӯшишҳо мекунанд. Дар ин лобало боре ҳам тамошо кунем пойтахти як кишвари форсигӯйро дар Варорӯд бо номи Душанбе; магар нигоштаҳои овезаву огаҳиҳо дар қолиби забони меъёранд? Як бор чашм андозем ба номаҳои расмии ҳар идораву муассисаи баландноми пойтахт, ки то чӣ ҳадд бесаводона, пур аз ғалат нигошта мешаванд. Магар мо он қадар навфитратему нав воридшуда ба ҷомеъаи маданӣ, ки муродифҳое дар баробари вожаҳои кариҳи бегона – суд, прократура, прокурор, милтсия... вожаҳои худиро надошта бошем? Ва, кошкӣ ин Кумитаи истилоҳот салоҳияту шаҳомат нишон дода як бор аз маснаднишинони давлати тоҷикон эрод мегирифт, ки ку ғуруру ғайрату ишқу садоқат ба забони модариатон, ки ин қадар оҷизона, қолибӣ, хушку беоҳору бемантиқ суханронӣ мекунед? Дар зимн, ҳамла ба забони гуфтор, контрол ба нигоришот меросмонда аз мутаҷовизини Кремлинболшвикон аст, ки унвони забони мо, унвони кишвари моро бо алифбою сарфу наҳвамон аз мо зудуданд, то тоҷикон дар паҳнои Эронзамин ҷудо аз бародарони хунии хеш, афғонистониёну эрониёни имрӯз бимонанду ҳамчун миллати эронӣ аз байн бираванд. Сиёсати маҳрум кардани Тоҷикистон аз Бухорову Самарқанд ҳам идомаи ин тадбири аҳримании рус буд. Ва, ҳамин сиёсат бо шиори “содда”(??) нависед адабиёту илми моро чун мурғи парканда бараҳнаву маҷруҳу осебпазир кард. Ҳич гоҳ дар кишварҳои дигар чунин таҳдид нест, ки оммафаҳм(??) нависед. Балки шиъор аст: пос доштани забон аз муқаддастоти инсонӣ! Ва Агар Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Мавлоно, Саъдӣ, Ҳофиз, Аҳмади Дониш... ба фарз дар нигориш мухтор намебуданду зери чорчӯбаи сиёсати ҷаббору сиёсатмадорони беҳувйят мемонданд, ҳич гоҳ наметавонистанд осоре ҷаҳоншумлу шоҳкор бинависанд. Меъёри нигориш набояд фаҳми кампиракҳои 80-сола (умуман авомм), чунонки кумитаи истилоҳот амр кардааст, балки бояд дар чорчӯби сарфу наҳву услубу мантиқ бошад, ки дар ин масир, алҳамдулиллоҳ, аз ҳазорсолаҳо санги бинои муҳкаме гузошта омадаем.
Рустами ВАҲҲОБ, муҳаққиқ
Ин таҷриба дар ҳамаи кишварҳои ҷаҳон ҳаст.