Пирӯзии муштзани тоҷик дар нахустин қувваозмоӣ дар Рио-де-Жанейро
Анвар Юнусов, муштзани шинохтаи тоҷик дар нахустин даври интихобии мусобиқоти бокс дар Олимпиадаи Бразилия ҳарифашро мағлуб сохт.
Юнусов дар вазни то 60 килограмм рӯи ринг баромад ва Ҷун Шан, муштзани чиниро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод. Дар даври дуввуми мусобиқа, ки фардо, 9 август баргузор мешавад, Анвар бо Робсон Консеикао аз Бразилия қувва меозмояд.
Бозиҳои XXXI-уми тобистонаи олимпӣ 5 август дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия оғоз шуда, то 21 август идома мекунад. Дар ин олимпиада Тоҷикистонро ҳафт варзишгар намояндагӣ мекунад. Онҳо дар чор риштаи варзиш – бокс, варзиши сабук, дзюдо ва шиноварӣ рақобат хоҳанд кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |