Маркази миллии тестӣ: Баъзе довталабон ба доми фиреби қаллобон меафтанд (ВИДЕО)

Масъулини Маркази миллии тестии Тоҷикистон мегӯянд, қаллобоне ҳастанд, ки довталабон ва волидони онҳоро фиреб намуда, маблағ меситонанд.
Маҳмадалӣ Раҳмонов, муовини раҳбари ин марказ ҷумъаи 5 август дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, “баъзе довталабони доно, ки ба истилоҳ зирак нестанд, ба доми фиреби чунин қаллобон меафтанд”. Ӯ афзуд, дар ҳоле ки довталаб бо донишу малакаи худ сазовори номи донишҷуӣ мегардад, “он қаллоб мегӯяд, ман ба ту кӯмак расонидам”.
Қаблан Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон ҳам гуфта буд, ки Маркази миллии тести душманони зиёд дорад: “Тасаввур кунед, солҳои сол бо низоми классикӣ довталабонро қабул мекарданду чӣ корҳои пасипардагӣ буд. Ҳоло дигар наметавонанд. Нафароне, ки аз он ҳисоб ком меҷустанд, зиндагӣ меёфтанд, магар онҳо дусти маркази миллии тестианд? Албатта, ҳеч гоҳ не. Хусусан корпуси устодони донишгоҳҳо, колеҷҳо, миёнаравҳо ва аз ҳама муҳимаш волидоне, ки имконияти молиявӣ доранду фарзандашонро дуруст тарбияи накарда, ба воситаи ришва дохил мекарданд, дигар наметавонанд. Инҳо ҳам дар душмании Маркази миллии тестианд”.
Дар нишасти Маркази миллии тестӣ Сабзалӣ Ҷаъфаров, муовини аввали раҳбари ин ниҳод ҳам мавҷудияти амалҳои коррупсиониро рад кард. Ӯ гуфт, давоми се соли фаъолияти марказ ҳеч кормандони он бо иттиҳоди гирифтани пора боздошт нашудааст. Оқои Ҷаъфаров ҳамчунин сару садоҳо дар бораи ба кори марказ бовар надоштани мардумро бепоя хонд. Моҳи майи соли равон Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон зимни қабули лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ” гуфта буд, ки мардум ба шаффофияти кори Маркази миллии тестӣ бовар надоранд. Ба таъкиди ӯ, фаъолияти Маркази миллии тестӣ ҳоло ҳам ба он сатҳе, ки онҳо мехоҳанд, нарасидааст ва бояд корҳое зиёде анҷом шавад. Ҷаноби Зуҳуров таъкид намуд, ки Маркази миллии тестӣ барои он таъсис ёфтааст, ки фарзандоне, ки дониш доранд бояд тариқи ин марказ ба макотиби олӣ дохил шаванд: “Яъне аз байн бурдани ҳама роҳҳои ғайриқонуние, ки буданд: хешутаборбозӣ, ҷӯрабозӣ, пулдиҳӣ, коррупсия ва ҳоказо. Лекин то имрӯз ҳам мардум бовар надорад ба тозагии ҳамин кор”.
Аммо Сабзалӣ Ҷаъфаров мегӯяд, фикри волидони довталабон дар бораи марказ мусбат аст: “Мо кам мебинем нафаронеро, ки нисбати ин низом изҳори нигаронӣ мекунанд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |