Бахшҳо

Далер Шарифов: Алмосбек-ако, тасмими худатон дуруст аст!

Далер ШАРИФОВ

Алмосбек Отамбоев, президенти Қирғизистон дар як суҳбати ахираш изҳор дошт, баъзе аз ҳамтоёнаш гуфтаанд, ки барои дар қудрат боқӣ мондани ӯ ба мардуми қирғиз муроҷиат мекунанд.

Ба гуфтаи ӯ, ин раисиҷумҳурон, ки хостори “иваз накардани президент” дар Қирғизистон шудаанд, аз кишварҳои бародар будаанд. Аммо банда, ба ҳайси шаҳрванди кишвари ҳамсояи наздики шумо фикр мекунам, тасмими худатон дар мавриди баъди анҷоми муҳлати президентӣ раҳо кардани курсии олӣ дуруст аст. Шояд ба Аскар Акаеву Қурбонбек Боқиев низ замони салтанаташон чунин пешниҳодҳо шуда буд. Аммо вақте миллати қирғиз дар баробари онҳо қиём кард, танҳо монданд. Ҳоло ҳар ду дар ватани бегона зиндагӣ мекунанд. Шояд онҳое, ки пешниҳоди ҳифзи қудратро намуданд, мардуми қирғизро монанди мардумони худашон фикр кардаанд. Вале шумо қудрати мардуми худро беҳтар медонед. Умедворам, бо анҷоми муҳлати раисиҷумҳурӣ тавре даҳҳо маротиба ваъда кардаед, дигар барои боқӣ мондан дар мансаби президентӣ талош намекунед. Бо ин ба ҳамтоёни худ ва миллати қирғиз нишон медиҳед, ки ба арзишҳои демократӣ арҷ мегузоред. Ҷаноби Отамбоев, шумо ин корро анҷом дода метавонед, онҳо НАТАВОНИСТАНД...

Алмосбек Отамбоев дар идомаи он суханрониаш гуфтааст: “Мо ба ақиб баргаштанӣ нестем ва намехоҳам касе Қирғизистонро ба қафо баргардонад”.

Баргаштан ба даврони шоҳӣ. Гузоштани хишти авлодӣ. Идораи диктаторӣ. Зиндагии мардум ва миллатро вобастаи як нафар донистан. Мурдан дар сари мансабу курсӣ. Тақсими мансабҳо байни авлод ва маҳалли худ. Гуш надодан ба ҳарфи ҳеч мунақид. Ба масхара кашидани арзишҳо ва фарҳангу тамаддуни як миллат хоси одами оқил нест. Бо рафтанатон дигар мардуми қирғиз ба он даврон барнамегардад. Шумо нишон медиҳед, ки як инсон бо тамоми тавонмандиҳояш беш аз ҳашт ё даҳ сол наметавонад роҳбари як давлат бошад. Паёми шумо ин аст, ки қирғиз миллати тавонманде ҳаст, ки садҳо нафари дигаре дорад, ки метавонад роҳбари давлат шавад. Яъне, шумо ягона нестед. Мисли дигарҳо фикр намекунед, ки бо рафтанатон Қирғизистон ё миллати қирғиз аз байн меравад. Ҷаноби Отамбоев, инро шумо метавонед онҳо НАТАВОНИСТАНД...

Президенти Қирғизистон дар бораи Сарқонуни кишвараш мегӯяд: “Конститутсия тавре хоҳад буд, ки касе дигар натавонад онро ба манфиати худ истифода барад”.

Нуктаи муҳим ва комилан дуруст. Агар ҳар нафар барои манфиати худ Конститутсияро тағйир бидиҳад, аз Конститутсия ҷуз чанд варақи сафеду чанд сатри сиёҳ чизе боқӣ нахоҳад монд. Президент бояд нишон бидиҳад, ки Қонуни асосии як кишвар ҳарфи холӣ нест, балки болотар аз ҳарфи ҳар мансабдор, ҳатто раисиҷумҳур аст. Шумо коре анҷом доданӣ ҳастед, ки дар Қирғизистон на як нафар, балки қонун ҳарфи калидӣ гардида, ҳама назди он баробар бошанд. Агар шумо ва кишваратон ба ҳамин роҳ биравед, беҳтарин намунаи давлатдорӣ дар минтақаро хоҳед дошт. Ҷаноби Отамбоев, шумо метавонед онҳо НАТАВОНИСТАНД!
Мӯҳр
"Ба гуфтаи ӯ, ин раисиҷумҳурон, ки хостори “иваз накардани президент” дар Қирғизистон шудаанд, аз кишварҳои бародар будаанд".
Ин гуфтаи Отамбоев хеле чолиб аст. Чун ман медонам, ки Аскар Окоев низ мехост баъд аз итмоми давраи раёсати чумхуриаш канор биравад, вале Назарбоев ва И. Каримов бо суханони зебо бифиребидандаш ва у боз раиси чумхури шуд ва окибаташро дидем....
Хамин Назарбоев ва Каримов пас аз итмоми хашт соли аввали раёсати чумхурии Путин (яъне пас аз итмоми давраи дувуми раёсати чумхурии у) ба у талкин карданд, боз барои чахор соли дигар дар макоми раёсати чумхури боки мондани вай бар суди Русия ва мардуми рус аст. Вале Путин ба ин фиребхо дода нашуд ва иброз дошт, барои як шахс Конуни Асосиро тагйир намедих,ад. Албатта, Путин "рох,и шаръии" дигар пайдо кард ва пас аз чахор соли нахуствазири (амалан президенти) боз раиси чумхури интихоб шуд. Вале асли х.арф ин аст, ки чаро "ду гурги болондидаи сиёси"-и Осиёи Маркази сахт мехостанд хамтоёнашон дар Киргизстону Русия чун худи онхо бошанд? Ин масали "оббурда ёр металабад"-ро ба хотир меоварад, вале танхо ин аст. Ин талошхо бештар барои бастани дахони мардуми казоку узбак сурат мегирифт, то онхо намунаи хубе дар атрофи худ набинанд, лом нагуянд ва бидонанд, ки дар хама чо ахвол чунин аст. Хукуматдорони Осиёи Маркази бо он ки шахсони комилан мутафовит хастанд, дар як чиз ширкат ва умумият доранд ва хамдигарро пуштибони ва дастгири мекунанд: дар талоши хукумати абади, таъмини хонаводаи худ, масунияти худ ва хешовандон.... Бадбахтона мо дар Осиёи Маркази зиндаги мекунем....

Тоҷик
Зинда бошед Далер. Воқеан сари ин мавзуъ бояд ҷидди андешид вагарна ҳоламон аз кореяи шимоли ҳам батар мешавад

Мард барин омадану мард барин рафтан ин кори харкас нест. Отомбоев шахси бовичдон ва окил аст. Баъзехо натанхо худ мехоханд дарсари курси то мурдан бимонану ва дар болои курси бимиранд, балки пас аз мурдан низ дар болои курси бимонанд. Яъне пас аз мурдан боз корро дар болои курси бо воситаи фарзандонашон давом диханд. Инхо аз чумлаи фиребхурдагон хастанд. Бояд ба нафси Отамбоев эхтиром коил шуд.

Деваштич
Дархакикат ин мард Алмосбек ном дораду фитраташ хам аз алмос аст. Зихи миллате ки чунин мардони фархехта ва андешаманд дорад, войи он миллате ки ба хотири худу авлоди худ тамоми арзишхои он миллатро зери пой мекашаду он миллат хомушу хомуш аст. Агар миллате ки дар хар давру замон садхо афроди арзанда ва кобили сарвари надошта бошад ва пас он миллатро наметавон миллат гуфт. Хар кас ки андешаи шахспарастиро дастгири мекунад у худ курдилу хоин ва душмани миллат аст. Дар русхо як макол аст: Свято место пусто не бывает. Ман мутмаинам ки точикон низ хазорон мандони арзандатарин доранду аммо хануз ба кадом сабабхои бошад ношинохта.

Зафар
Дуруст аст. Баъзе номардҳо бояд бидонанд, ки ҷаҳон аз мардҳои асил ҳеҷгоҳ холи набудааст...

Офаринаш бод агар чунин кунад

Муслим
Ассалому алайкум
Деваштич
Хак ба чониби хазрати Икбол аст,ки мегуяд -Фард мегирад зи миллат
эхтиром, Миллат аз афрод меёбад низом.
яъне тафсири ин байти Алломаро бо киссаи Хаччоч баён мекунем.
Хаччоч халифаи золими араб хазорон нафарро кушту ба мардум зулму ситам намуд ва баъд мардум аз у хостаед,ки одил бош ва аз аллох битарс аз рузи киёмат битарс ва дар чавоб Хаччоч гуфт, ки агар имруз ман аз тахт биравам ба тахт подшохе моеяд, ки аз ман дида золимтар аст чун ин феълу рафторе ,ки шумо доред дигар адолат начуед.

Яъне мардум худаш ба хама гунахгор аст масалан дар шахрхои калони Олмону Фаронса милисаро намебини барои он,ки ун мардум пешрафтаву доно аст аммо дар хар кадамит шахрхои мо бо милиса дучор мешави чун мо холо хам беадабем.

Деваштич,
Сабаби нашинохтани мардони арзанда маълум аст. Агар шиносанд онхоро албата ё мемиранд ё макум ба зиндон мешаванд. Мардуми минтакаи Кулоб, бо вучуди оне ки дар кишвар руз то руз зиндаки мушкил мешавад, мехоханд гуянд, ки хама хуб аст. Факат мардуми як минтака метавонад гуяд, ки мо зиндагии хуб дорем. Лекин афсус ин хел нест. Хукумронии хозираи давлати мо, мардуми солимфикру босаводи моро тамоман аз байн бурду ба чои он хама мардуми камсаводу шахспарастро парварид.
Чавонмарганд шахсони хунарманд,
Валекин нокасон сад сола миранд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)