Маркази миллии тестӣ дар бораи ихтисосҳои “топ”, тақсимот ва имтиёзи довталабон баъди хизмати артиш

Сабзалӣ Ҷаъфаров, муовини аввали раҳбари Маркази миллии тестӣ мегӯяд, аз 582 довталаб, ки баъди адои хизмати ҳарбӣ ҳуҷҷатҳои худро ба ин марказ супориданд, 329 нафар ба марҳилаи аввали тақсимот роҳ ёфтаанд. Қаблан, Маркази миллии тестӣ эълон карда буд, барои онҳое ки баъди артиш ҳуҷҷат месупоранд, 75 имтиёзи иловагӣ дода мешавад.
Оқои Ҷаъфаров гуфт имрӯз, 5 август дар нишасти созмонёфтае дар Душанбе гуфт, довталабони дигар шояд дар марҳилаи баъдии тақсимот роҳ ёбанд. Марҳилаи аввали тақсимот рӯзи 3 август анҷом ёфт ва ба гуфтаи масъулин марҳилаи дуюм рӯзи 19 август дар назар аст.
Ба гуфтаи муовини аввали раҳбари Маркази миллии тестӣ онҳое, ки дар даври аввал батақсимот роҳ ёфтаанд, бояд то рӯзи 15 август ба муассисаҳои таълимӣ ҳозир шаванд: “Дар акси ҳол ҷойи онҳо ба тақсимоти баъдӣ гузаронда мешавад”.
Масъулини Маркази миллии тестӣ мегӯянд, дар тақсимоти дуюм 10 ҳазору 95 ҷойи холӣ мавҷуд аст.
Факултаҳои тиббӣ, ҳуқуқ, дипломатия ва иқтисод аз маъруфтарин ихтисосҳое унвон шуд, ки довталабони зиёд ба он таваҷҷуҳ кардаанд. Аз ҳама камтар таваҷҷуҳ ба факултаҳои техникӣ будааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |