Бахшҳо

Нахустин тандиси Хайём дар Русия қомат афрохт

Дар Русия аввалин тандиси Ҳаким Умари Хайём, шоир, файласуф ва риёзидони маъруфи форсу тоҷик дар Донишгоҳи давлатии Астрахан қомат афрохт.

Хабаргузории ТАСС бо ишора ба манобеи худ дар Вазорати хориҷаи кишвараш навиштааст, ки кушодашавии тандиси Хайём дар Астрахан солиёни дароз мавриди баррасӣ қарор дошт ва як ҳодисаи деринтизор барои минтақа буд. “Ин тандиси чорметрии биринҷӣ ба унвони намоди дӯстии Ирону Русия муаррифӣ мешавад ва дар расми кушодани он ашъори Хайём на танҳо ба забони русӣ, ҳамчунин ба забони форсӣ низ садо додаанд”, - гуфта мешавад дар иттилоияи ТАСС.

Вазни ин тандис 4 тон гуфта мешавад. Вазорати равобити байналмилалӣ ва иқтисоди берунии вилояти Астрахан гуфтааст, ки тандиси Хайём дар шаҳрҳои Теҳрон, Душанбе, Бухарест ва Ишқобод ҳам барафрохта шудааст ва тандиси Астрахан нахустин тандиси ин рубоисарои барҷаста дар Русия мебошад.
Мӯҳр
розик
айб аст. хаму апаи Гавхар рост мегуяд шумо ним-журналистонро. Тандисаш чи? хайкалу пайкараи худамон чи шуд?

"тандис", "манобе" , "намод", "иттилоия" ин калимахо хеч якеашон "забони меъёр" нест. Шарофзода хатман Озодагонро чарима мекунад!

Шеъру рубоихои Умари Хаёмро бечора нодонхои бесавод хато тарчума карда истодаанду нодуруст мефахманд.Холо он ки Умари Хаём хофизи Куръон буду хама гуфтахояш аз Худованд ва Куръону хадисхои Паёмбарамон с.с аст.Шаробе ки мегуянд ин шароби (водка-араку вино) нест.Маънояш дигар аст.

ТАНДИС ин хайкал будааст.Хар як рузноманигор як ду калимаи бегонаро кор мефармояду бо ин "донишмандии" худро нишон доданй мешавад.Хамин хел рафтан гирад,забони точикй баъди 10-12 сол тамоман дигар мешавад.

Бехруз
Тандисаш чизе Илтимос Шарофзода шарх дихед дахонатонба об нагиреду аз паи хифзи Затони ноби точики шавед

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)