Розенблюм: Фарқ кардани мухолифини сиёсии осоишта ва садоҳои динии сулҳомез аз ифротгароии хушунатомез муҳим аст
Дэниел Розенблюм, ёвари котиби давлатии Амрико дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ мегӯяд, ИМА ҳамеша нигарониҳояш дар мавриди риоя нашудани ҳуқуқи инсон ва озодиҳоро дар баландтарин сатҳи ҳукумати Тоҷикистон ба миён мегузорад. Розенблюм ин нуктаро дар ҷавоб ба суоли “Озодагон” дар як телеконфронс, ки аз сӯи “The Brussels Hub” ҳафтаи сипаришуда баргузор шуд, иброз дошт.
Ёвари котиби давлатии Амрико дар мавриди рушди демократия дар Тоҷикистон гуфт, кишвараш давоми 20 соли гузашта ба манзури таъмини риояи ҳуқуқи инсон, пешбурди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва иштироки демократӣ ҳамчун талаботи рушди кишвари қавитар ва фарогиртар ҳамкориҳо доштааст. Розенблюм бо ишора ба риоя накардани эҳтиром ба ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосӣ таъкид намуд, ки “мо мунтазам ин нигарониҳоро дар баландтарин сатҳи ҳукумати Тоҷикистон ба миён мегузорем. Мо ба ҳукумат ба таври возеҳ фаҳмонда додем, ки риоя накардани эҳтиром ба ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосӣ ҳамкориҳои моро халалдор месозад ва монеъи он мешавад, ки кишвари Тоҷикистон иқтидори пурраи худро амалӣ гардонад ва дар айни ҳол вазъи амниятӣ мушкилтар мегардад”.
Ин дипломати аршади Амрико дар идома афзуд, бо ҳукумати Тоҷикистон дар тамоми сатҳҳо барои эҷоди фазо ба хотири баҳси тарафҳои гуногунфикр, аз ҷумла пайравони ҳизбҳои сиёсии мухталиф ва таъмини мардум бо интихоби ҳақиқӣ ҳамчун ҷузъи ҷомеаи босубот ва солим ҳамкорӣ мекунанд. Ӯ Тоҷикистонро аз ҷумлаи кишварҳое номид, ки бо таҳдиди қувваҳои экстремистии зӯровар дучор шудааст: “Мубориза бо ифротгароии хушунатомез ва ҷанг бо терроризм масъалаҳои осону хурд намебошанд. Бо вуҷуди ин, фарқ кардани мухолифини сиёсии осоишта ва садоҳои динии сулҳомез аз ифротгароии хушунатомез ҳаётан муҳим аст”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |