Бахшҳо

Генпрокурор дар бораи ғарази шахсӣ бо Ёров: Его не знаю и знать не хочу

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон иддаоро, ки гӯиё нисбати Бузургмеҳр Ёров, ҳуқуқшиноси боздоштшудаи тоҷик ғарази шахсӣ дорад, бепоя хонд.

Хабарнигори “Озодагон” имрӯз, 4-уми август аз Юсуф Раҳмон суол кард, ки “ба иддаои Бузургмеҳр Ёров прокурори генералии Тоҷикистон нисбати ӯ ғарази шахсӣ дорад. Шарҳи шумо чист ва оё қаблан Ёровро мешинохтед?”

Дар посух ба ин суол, ки бо забони тоҷикӣ ироа шуд, Юсуф Раҳмон бо забони русӣ гуфт, “Я его не знаю и знать не хочу. Он не тот человек которого я должень знать. Шумо фаҳмидед?”.

Ин дар ҳолест, ки қаблан Бузургмеҳр Ёров дар номааш аз боздошт изҳор дошт, ки додситонии кулли Тоҷикистон нисбаташ ғаразҳои шахсӣ дорад ва ба парвандааш бархӯрди мунсифона сурат намегирад. Ёров иддаояшро бо он асоснок кардааст, ки гӯиё ҳангоми ташкили адвокатураи мустақил наздикони Юсуф Раҳмон рақиби ӯ будаанд.

Бузургмеҳр Ёров рӯзи 28 сентябри соли 2015 баъди эълони азмаш дар бораи таъсиси Кумитаи дифоъ аз аъзои дастгиршудаи Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон аз сӯи мақомоти интизомии кишвар боздошт шуд. Баъдан, Вазорати умури дохилӣ эълон кард, ӯ дар “қаллобӣ” ва “сохтакорӣ” муттаҳам мешавад. Аммо наздикони Бузургмеҳр Ёров аз қавли ӯ ин иттиҳомотро рад карда, гуфтанд, изҳор доштааст, ки дар мурофиаҳои додгоҳӣ бегуноҳияшро исбот хоҳад кард. Феълан мурофиаи Бузургмеҳр Ёров дар додгоҳи шаҳри Душанбе идома дорад.
Мӯҳр
Бародар Бузургмехр! Ту ба хархол макум хохи шуд. Чунки холо давлат чунин мехохад. Фикри прокурору муфатиш дар холати шумо рол бози намекунад. Гап дар он ки токазо чунин аст. Лекин дер намешини. Хеч гох бори кач ба манзил намерасад. Сабри чамил ба шумо. Озодагон медонам чоп намекуни

Гавхарзоа Шарофзода кани ку зиди ин ягон чора бин забони точикира гузошта бо руси чаро сухбат кардааст ?????

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)