Бахшҳо
04 авг 2016 14:13Тоҷикистон / Сиёсат

Ализода: Алайҳи тоҷикони паноҳҷӯй дар Аврупо парвандае нест, маҳбуси сиёсӣ надорем

Зариф Ализода, ваколатдори оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон, мегӯяд, дар кишвар маҳбуси сиёсӣ нест ва алайҳи тоҷиконе низ, ки дар Аврупо паноҳандагӣ меҷӯянд дар Ватан парвандаю фишоре вуҷуд надорад.

Ализода имрӯз, 4 август дар посух ба суоли “Озодагон” гуфт, мафҳуми “маҳбусони сиёсӣ”, ки баъзан дар изҳоротҳои марбут ба Тоҷикистони созмонҳои байналмилалӣ истифода мешавад, бо қонунгузории Тоҷикистон мутобиқат надорад: “Зиндониҳои сиёсие, ки онҳо номбар мекунанд, аз нигоҳи қонунгузории ҷиноятии мо чунин чиз вуҷуд надорад. Инҳо ҷиноятҳои мушаххасанд, ки албатта ба сохтори давлатӣ, ба асосҳои сохтори конститутсионӣ ва ба дигар масъалаҳои давлатдорӣ сӯиқасд мекунанд. Ин ки мегӯянд, мисол, вай опозисион аст, ин на масъалаи ҳуқуқӣ, балки баҳои сиёсӣ аст”.

Ба гуфтаи Зариф Ализода “зиндонии сиёсӣ” истилоҳи ҳуқуқӣ ҳам нест: “Ин як истилоҳи сиёсӣ аст. Ҳаст ҷинояти мушаххас, кирдори мушаххас ва мақомотҳое, ки инро тафтиш мекунанд. Ман мефаҳмам, ки дар лексикони сиёсӣ аст, аммо дар қонунгузории мо чунин чиз нест”.

Ваколатдори ҳуқуқи инсон инчунин таъкид кард, алайҳи бисёри шаҳрвандони Тоҷикистоне, ки имрӯз дар кишварҳои Аврупо паноҳандагӣ гирифтаанд, дар Ватан парванда ва ё фишоре вуҷуд надорад: “Ба иттилои мо ҳудуди 500 шаҳрванди Тоҷикистон дар Лаҳистон паноҳандагӣ талаб кардаанд. Аксарияташон аз Русия, Украина ва дигар кишварҳо рафтаанд”.

Ализода таъкид намуд, ки онҳоро наметавон паноҳандаи сиёсӣ гуфт, ин афрод ба ҳамин роҳ хостаанд ба Аврупо раванд.

Ин дар ҳолест, ки ахиран идораи кор бо хориҷиёни Вазорати корҳои дохилаи Лаҳистон (Полша) иттилоъ дод, ки дар тӯли якуним соли охир ҳудуди 1200 шаҳрванди Тоҷикистон аз ин кишвар дархости паноҳандагӣ кардаанд ва аз ин теъдод танҳо ба як нафар расман мақоми паноҳанда дода шудааст.
Мӯҳр
Сипар
Ализода шарм надошта мегуяд махбусони сиеси надорам, хатто барои мехрубон ниишон додани худашон панохчуени кишвархои аврупоиро хам дар назари онхо зери суол, гуе мардуми дуне кару нобиност намебинанду намешунаванд, хайфи мардуми точик

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)