Сармоягузорҳои Тоҷикистон дар 2016: Чин аз Русия 4 баробар бештар маблағгузорӣ кардааст
Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки тайи шаш моҳ ба иқтисодиёти кишвар аз хориҷ 220 миллион доллар маблағгузорӣ шудааст.
Қодири Қосим, раиси Кумитаи сармоягузорӣ имрӯз, 4-уми август зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, аз ҳаҷми умуми маблағгузории хориҷӣ 142 миллион доллар ба Чин, 35 миллион доллар ба Русия, 12 миллион доллар ба Британияи Кабир рост меояд.
Раиси Кумитаи сармоягузорӣ дар посух ба суоли “Озодагон” афзуд, ки сармоягузории Чин ба Тоҷикистон афзоиш ёфтааст ва аз Русия кам шудаст. Ӯ гуфт, сармоягузории Русия ба Тоҷикистон 28 миллион доллар нисбати соли гузашта кам шудааст ва инро ба буҳрони иқтисодӣ дар ин кишвар рабт дод.
Қодири Қосим илова намуд, ки сармоягузориҳои Чин бештар ба соҳаи хизматрасонии молиявӣ, алоқа, сохтмон, омўзиши геологӣ, истихроҷ, саноати сохтмонӣ, истеҳсоли маҳсулоти нафтию газӣ ва кишоварзӣ равона шудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |