Омбудсмени тоҷик дар бораи сайтбандиҳо
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ё Омбудсмени Тоҷикистон мегӯяд, ҷонибдори муҷозот шудани омилони масдуд кардани ғайриқонунии сомонаҳо дар кишвар мебошад.
Зариф Ализода ин нуктаро имрӯз, 4 август дар суҳбат бо хабарнигорон изҳор дошта гуфт, дар мавриди масдуд шудани сомонаҳо бо Хадамоти алоқа дар иртибот ҳастанд. Ба гуфтаи ӯ, хадамот далели дастнорас будани бархе сомонаҳоро «сабабҳои техникӣ» гуфтааст. Омбудсмени тоҷик афзуд, ӯ тарафдори бо роҳи қонунӣ бастани сомонаҳо аст, аммо мехоҳад омилони ғайриқонунӣ масдуд кардани сомонаҳо муҷозот шаванд.
Ин дар ҳолест, ки Ҷонибек Додомедов, сардори раёсати танзими Хадамоти алоқа дар нишасти хабарие рӯзи чоршанбеи 3 август гуфт, дар сурати ошкор шудани ҳолатҳои бастани сомонаҳои хабарӣ аз ҷониби ширкатҳои дастраскунандаи интернет, нисбати дастандаркорон чораандешӣ хоҳад шуд. Ҷаноби Додомедов илова кард, давоми як соли охир бо дастури Хадамоти алоқа дастрасӣ ба беш аз 100 сомонаи хусусияти шаҳвонию зӯроваридошта масдуд шудааст: “Аммо сомонаҳои хабариро набастаем”.
Дар мавриди изҳороти қаблии масъулини Хадамоти алоқа, ки феҳрасти бархе аз сомонаҳо барои басташавӣ аз ҷониби мақомоти амниятию қудратӣ пешниҳод мегарданд, Додомедов гуфт, дар ин бора наметавонад шарҳе ироа кунад, чун ин феҳрастро рӯи даст надорад. Дар бораи муроҷиатҳои чандбораи сомонаҳои хабарӣ ба Хадамоти алоқа барои ҳалли ин мушкил Додомедов гуфт, ки дархостҳо омӯхта мешаванд.
Сомонаҳои бахши тоҷикӣ ва русии Хабаргузории “Озодагон” аз моҳи октябри соли 2015 масдуд аст. 10 май дар остонаи баргузории раъйпурсӣ барои ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Сарқонуни ҷумҳурӣ бошад, торнамоҳои Радиои Озодӣ, Азия Плюс, Тоҷнюс ва чандеи дигар дастнорас гардид. Ахиран, дастрасӣ ба сомонаи хабаргузории “Авесто”, ки тарҳи нави сайташро муаррифӣ кард низ масдуд шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |