Бахшҳо
04 авг 2016 09:03Тоҷикистон / Тема дня

Дастури Президент ба 12 ҳазор сохтмончии “Роғун”: Бо сифати баланд кор кунед

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 4-уми август барои шиносоӣ бо рафти сохтмон ва суҳбат бо бинокорон ба майдони бунёди нерӯгоҳи “Роғун” рафт.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Эмомалӣ Раҳмон гузориш дода шуд, ки ба бунёди нерӯгоҳ 12 ҳазор сохтмончӣ шабонарӯзӣ машғул буда, дар ҳамаи қитъаҳои рӯизаминӣ ва зеризаминии неругоҳ 2077 мошину механизм истифода мешаванд: “Зимни боздид аз мавзеи бунёди садди неругоҳ дар дарёи Вахш иттилоъ дода шуд, ки барои бастани маҷрои об 75 миллион куб маводи хокию сангӣ истифода хоҳад шуд. Дар навбати аввал 179 ҳазор куб масолеҳи сохтмонии хокию сангӣ зарур мешавад”.

Манбаъ мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон ба мутахассисоне, ки лоиҳаи бунёди сарбанди неругоҳро амалӣ мекунанд, дастур дод, ки ҳамаи корҳо бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ амалӣ карда шаванд.

Раисиҷумҳур таъкид намудааст, ки иншооти мазкур бояд асрҳо ба мардуми Тоҷикистон хизмат намояд: “Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи боздид ҳамзамон аз биноҳои идораи дарвозаҳои таъмирӣ, асосӣ ва садамавии нақбҳои сохтмонии 1 ва 2, дарвозаҳои таъмирии нақби обқабулкунаки муваққатӣ ва камераи васлгарии нақби обқабулкунаки муваққатӣ дидан намуд. Корҳои сохтмонӣ дар қубурҳои обпартои агрегатҳои 5 ва 6 бошад, бо ҷушу хурӯш идома дорад. Дар ин ҷо мутахассисони ватанию хориҷӣ 70 фисади корҳои нақбканиро ба итмом расонидаанд. Корҳои оҳану бетонӣ низ дар қитъаи сохтмонӣ вусъат меёбад”.

Аввали моҳи равон миёни Тоҷикистон ва «Салини Импреҷило» доир ба лоиҳакашӣ, харид ва сохтмони иншооти НБО “Роғун” ба маблағи 3,9 миллиард доллари ИМА шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Нерӯгоҳи барқии обии Роғун, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон онро масъалаи “ҳаёту мамоти” кишвар хондааст, дар сурати бунёд бо иқтидори 3600 мегават ва садди 335 метрӣ, бузургтарин нерӯгоҳ дар Осиёи Марказӣ хоҳад шуд ва Тоҷикистонро аз як кишвари муҳтоҷи нерӯи барқ ба содиркунандаи он табдил хоҳад дод. Давлати Тоҷикистон борҳо таъкид кардааст, ки иддаои зарари "Роғун" асосе надоранд, зеро об дар садди нерӯгоҳ ба тадриҷ ва дар муддати бештар аз як даҳсола ҷамъ гардида, ба манфиати ҳамаи кишварҳои минтақа истифода хоҳад буд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)