Бахшҳо

Танҳо маркази Душанбе шаҳр аст?

Баҳсҳо дар мавриди шароит ва фарҳанги шаҳрнишинӣ дар Душанбе солҳост, ки давом доранд. Ин гуна баҳсҳо баъди қарорҳои шаҳрдори Душанбе дар мавриди баркандани танӯру дегдонҳои худсохт ва аз шаҳр берун бурдани чорво ва роҳ надодан ба парвариши он хеле зиёд шуд. Ин ду қарор бисёр муҳим буданд. Мардуме, ки иддаои шаҳрнишинии бештар аз 4 ҳазорсола доранд ва аз ин гуна шаҳрҳои худ таҷлил ҳам мекунанд, чаро наздик ба 100 сол аст, ки дар Душанбе шаҳрнишин намешаванд? Хулоса гап сари баъзе аз навоқиси иҷтимоӣ дар канораҳои шаҳри Душанбе меравад, ки барои он ҳам шаҳрдорӣ гунаҳкор асту ҳам сокинони пойтахт. Инҷо аз шарҳу тафсири бештари ин амалкардҳо канорагирӣ карда, танҳо сари навоқис суҳбат мекунам.

Яке аз одоти нозеб барои шаҳри мо ин аст, ки бештари канораҳои биноҳои маскунӣ (биноҳои бисёрқабата)-ро ҳеч касе тоза намекунад. Танҳо як маврид. Тирамоҳ вақте баргҳои дарахтон хазон мешаванду мерезанд. Дар дигар фаслҳои сол тозакорие, ки хоси як шаҳр ва он ҳам пойтахти як малакат бошад, дида намешавад. Агар касе ба ин гуфтаҳо шак дорад, лутф кунаду аз ҳолу аҳволи биноҳои маскунӣ дар маҳаллаҳои 64, 65, кӯчаи Юсуф Вафо ва маҳаллаҳои “Гипрозем”-у “Шаҳраки низомиён” дидан кунад. Албата агар саре ба атрофу акнофи биноҳои маскунӣ дар маҳаллаи Зарафшон, хусусан қисмати охири маҳалла ҳам бизанад, бад нест. Ё ин корро метавонад дар маҳаллаҳои дигар, аз ҷумла 7 км ва 9 км низ анҷом диҳад. Хулоса макон муҳим нест, муҳим ин аст, ки ҳамин гуна вазъро дар маҳаллаҳои канории Душанбе ҳатман мебинад. Дар мавриди маҳаллаи Куҳдоман танҳо баъди дидан бояд суҳбат кард.

Дигар аз одоте, ки тақрибан хоси Душанбе шудааст ин аст, ки Шумо дар маҳалҳои канорӣ барои аз хоб хестан ташвиши лозимро намекашед. Хусусан агар хонаатон ба бозорҳои “Саховат”-у “Деҳқон” наздик бошад, ин мушкил шуморо комилан азоб намедиҳад. Зеро аробакашҳои ин бозорҳо шаб аз воридкунандагони маҳсулоти ниёзи мардум, ба қавли худ аз “оптавик”-ҳо меваю сабзавотро бо нархи арзотар мегиранду субҳи бисёр барвақт бино ба бинои ин маҳалҳо мегарданд. Ба тамоми овозашон, ҳатто баландтар аз хонандаҳои опера (Аз Рустам Дуллоеву Адҳам Холиқов баландтар) дод мезананд: “Тарбузи арзон”, “памидори свежий”, “бодринги Орзу”, “ангури 3,5-сомона”, “боимҷон, картшка, пиёз”! Албата, агар дилбастагӣ ба “сметан”-у қаймоқ” ва “простин”-у “шавховравак” дошта бошед, ғами Шуморо ҳам ин “ғамхорони Душанбе” хӯрдаанд. Вале бо ин ҳама ғамхорӣ, дар субҳи барвақт, дар “таги бинии одам” омада дод задан, хоси чӣ гуна як шаҳр аст? Инҳо магар аз шаҳрдорӣ муҷаввиз доранд? Кӣ ба инҳо ҳақ дода, ки калонсолҳо як сӯ, тифлакону кӯдаконро аз хоб бедор кунанд? Баъзан дар пеши як бино то ду се аробадор якҷоя дод мезананд, ки яке “картошка” дораду якеи дигар “ангуру памидор”. Гумон мекунӣ, ки хор мехонанд ва суруд ҳам “картошкапамидорангур” аст.
Баъзе холаҳои дигар ғами мову кӯдакони моро хурда, дар субҳи сабоҳи Душанбе то 8-уму 9-ум ошёна баромада ба дар так-так мезананд, ки “шир намехарӣ”?
-Қурбонат шавам, холаи ҷон, мехарам, вале чаро бояд ту биёиву маро аз хоб бедор кунӣ, то ширатро бихарам!?

Лутфан, ба таваҷҷуҳи сокинони Душанбе: ин гунаи холаҳо “маскаву равғани тоҷикӣ, қаймоқи “оригинал” ва ҷурғоти тоза” ҳам доранд.

Ман дар шаҳрҳои зиёде набудаам, вале дар Маскаву Минску Бишкеку Мазори Шарифу.... ин ҳолро мушоҳида накардам. Ҳатто ин ҳолро чанд боре, ки меҳмони Хуҷанду Бӯстон (Чкалов) ҳам будам, надидам. Шояд дар ин ду шаҳри худамон ҳам ин гуна ғамхорон бошанд?!

Дар мавриди додзаниву бефаросатии ронандагону “пулчинак”-ҳои онҳо ҳоҷати гап нест. Агар дар истгоҳи “Садбарг”, пеши бозори “Саховат”, оғози бозори “Корвон” ва ҳамин тур дар ҳар охирин истгоҳи хатсайрҳои мусофиркашонии Душанбе бошед, ҳатман ба ин гуна фарҳангу фаросату шаҳрнишиниву шаҳрдорӣ дар зери лаб ва ё аз таҳи дил чизе гуфтаед. Ин ки чӣ гуфтаед намедонам, вале раҳмат нест, балки нафрат аст. Барои ин гуна муносибату бархурд ғайри нафрат чизи дигаре муносиб нест.

Дар маврид “ҷугорифурӯшҳо”-и ҷодаву хиёбонҳои Душанбе гап задан “бемаврид” аст, зеро “сезон” аст. Халтаҳои саропо чангу чирк ва зардшудаи ин холаҳову ин кӯдакакони “ҷугорифурӯш” раҳми инсонро меоварад, вале чӣ кунем, ки барои ин ҳоли зори эшон мо гунаҳкор нестем. Онҳое ки масъули ин ҳоли зоранд, аслан онҳоро намебинанд. Вале бо ин ки онҳо чорае ҷуз ин надоранд, ҳаргиз мо дар пойтахти як кишвар маҷбур нестем, ки чирку маҳсулоти бекайфияту ба саломатии худ музирро бихарем. Шояд дар ин бора Вазорати тандурустӣ ё идораи тандурустии шаҳр ё ҳамон “СЭС”-и маъруфи даврони Шӯравӣ суҳбат кунад.

Мушкили нақлиёт, набуди об (бо вуҷуди худу кишвари худро мубтакиру ташаббусгару ҳомии оби тоза дар ҷаҳон эълон кардан) инҳо дигар мисле ки ҷузъи фарҳанги шаҳрнишинӣ дар Душанбе шудаанд. Ба назар мерасад, ки ин мушкилот ҳеч гоҳе ҳалли худро намеёбанд. Дар мавриди оби гарм, ҳоло хубтар аст, ки нагуйем. Зеро то масъалаи оби хунук ҳал нашавад, оби гарм аз куҷо ҳал мешавад?! Ҳадди ақал як борак дар навиштани матлабҳои журналистӣ аз қонунҳои мантиқ кор бигирем.

Инҳо ки гуфтем теъдоди бисёр каме аз шумори зиёди навоқиси иҷтимоие мебошанд, ки ба як падидаи хоси шаҳрнишинӣ дар Душанбе табдил ёфтаанд. Агар қарор аст, ки Душанбе танҳо хиёбони Рудакӣ ва қисме аз хиёбонҳои Айниву Исмоили Сомонӣ бошанд, пас бояд ин “фарҳанги хос”-ро бипазирем, вале агар тамоми Душанбе шаҳр аст, ин ҳамоқату таҳвини шаҳру шаҳрнишиниву шаҳрнишину сокинон чиро? Ё дар куҷо дидаед, ки ними шаб, берун аз сати корӣ, як нозири барқ, идораи об ё масъули ҷамъоварии пули ба истилоҳ “мусор” биояду дари Шумро так-так кунаду дар дили шаб, ки вақти истироҳати мардуми шаҳр аст, пул ҷамъ кунад? Хулоса пеши Шумост, хонандаи азиз. Агар бигӯйед, ки бо ин воқеиятҳои “шаҳрнишиниву шаҳрсозӣ” созиш кунем ҳақ ҳастед, зеро масъулонро тобу тавон ва майли аз байн бурдани он нест. Вале агар мегуйед, ки мо ориёиему, фарҳанги бисёрҳазорсолаи шаҳрнишинӣ дорему, миллати “зарринтоҷи ваҳдатсароем” пас баланд шаведу ин ҳама доштаҳои худро нишон диҳед!!!

Мушоҳидагари “Озодагон”
Мӯҳр
МУСОФИР
ВАКТИ ОН ОМАДААСТ . ки кач шину рост гуй....чарро захматхои басёре мекунему ба кадраш намерасем...бовар кунед хаминкадар сохтумон ва ободонии. гайрату кушишхо..хусни шахрамон ба як рамкаи муаян намедарояд..ЧАРРО

Хонанда
Аз ҳамин мушоҳидагари "Озодагон" хоҳиш мекунам, ки мушоҳидаҳояшро давом диҳад....

Хонанда
Мухтарам Мушохидагар. Як шумо намерасидед, ки хамин бечора мардуме, ки зиндаги мачбурашон кардааст ба таги бинохо рафта дод зананд танкидашон кунед. Чи зур омадааст барои онхо? Як андеша намекунед? Магар аз масти онхо инхел мекунанд? Е корашон хеле даромади зиед дорад? Як бор худатонро ба чои онхо гузоред? (шояд фикр хам накунед, ва парво хам надоред, чунки хонаи ободу зиндагии тинч доред ба фикрам). Дар бисере аз гуфтахоятон мувофикам оиди хосу одоби шахрнишини, аммо танкиди инсонхое, ки сахару бегох дар ба дар мегарданду, ширу мевачоту сабзавот мефурушанд ва гуе хоби шуморо норохат мекунад, маро хеле норохат кард. Чунки ба хуби медонам, ки шароити кунун онхо бечорахоро мачбур кардааст, ки чунин кунанд. Чои кор бошаду маоши нагз бошад, хеч гох на худашон мераванд ва на фарзандонашонро ба таги бинохо равон мекунанд, ки дод зада савдо кунанд. Ташаккур Озодагон!

хонанда
гумон мекардем, ки расонаҳо ҳадди ақал каме ҳам бошад, аз камбизоатону бечорангон пуштибонӣ мекунанд, аммо сад афсус, ки пуштибонӣ як тараф имруз коре карданиянд, то ин рузгормаҷбуршудаҳо аз чанд тангае, ки бо ин қадар доду фарёдгӯӣ ба даст меоранд, аз он ҳам маҳрум шаванд. Агар рафтаву аз ин кор боз истанд, ба гуфти шумо чӣ кор кунанд???? Ҳар кореро ки мехоҳед, гуед ки масалан фалон ё фалон кор кунанд, ин ҳамаро санҷида баромадаанд ин бечораҳо, ва ҳамин коре ки инҳо мекунанд, вазнинтарин кор аст, на аз руи ҳавас асту на хушҳолӣ. агар воқеан мушоҳидагаред, пас боре тасаввур кунед, ки аробае бо сад килло ва ё бори зиёдтар дар даст доред, то бегоҳ гардеду баробари гаштан дод занед, ҳам қувваи ҷисмонӣ ва ҳам руҳиро аз даст медиҳед...биёед сари андешае оем, ки ҳадди ақал дастгирӣ ва ё кумак карда наметавонем як бечораҳолро, пас садди роҳ нашавем то аз рузияшон монанд, як тасаввур кунед, кампире нуҳ ошёнаро ками дар кам бо 15 ё 20 литр шир мебарояду мефарояд, гумон мекунед чӣ он кампири бечора варзишгар аст, ё аз хушияш ҳар руз ҳамин корро мекунад, ба фикрам нависандаи ин мақола хеле хушнуд шудааст, ки айбҳои шаҳрро ёфтааст, аммо як бори дигар худи нависанда ҳаминро танҳо фикр карда хонаду тасаввур кунад кори онҳоро, шояд шармаш ояд.. Қасам ба Худо гиряи кас меояд баъзе ҳолатҳо махсусан вақти хондани чунин мақолаҳои пучи дар назари муаллиф хеле пурмазмун. Бисёр аҷиб аст, ки Худованд соҳибқаламат мекунад, аммо камбизоатон ва дармондагонро ки дустони Худованд ҳастанд, садди ризқу рузӣ мешавӣ, чун паёмбари гиромии Акрам с. хуб қайд кардаанд, аксари аҳли ҷаннат фақирону бечорагонанд, пас агар дастгирӣ ва ё кумак карда наметавонӣ, ҳадди ақал зарар нарасон.. лутфан чоп мекардед ..

Muhojir
Хонанда,
Hamun meavyu shiru jurgota metavon dar yak joi mukarrari istoda furuht, na in ki saharii barvakt hamara az hob bedoru shahrro ba jugihona tabdil dod. In dodu faryodho na az dastkutohii mardum balki az nodonist. Shahr boyad shahr boshad, kase istirohat dorad pas kori shabona, kase bemor ast, kudake pas az shabi "behobi" hob ast, muysafede nav "pinak" raftas...ne tojikish kun, "gur suzadu deg jushad" ,"shirda biyo bacha"...

Икбол
Маколаро мехониву бисер калимахоро намефахми, о ин калимахои бегонаро аз кучо меебед а? Да р вакти хондани бисери маколахои "Озодагон" бояд бо лугат истифода бари ки маъно ин бисери калимахоро фахми. Ва бо хатогихо чоп мекнанд. Пеш аз чоп намудани макола акалан як бор худатон хонда бароед мухтарам редактор!!!!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)