Шурӯи марҳилаи нави лоиҳаи “Фароҳам овардани имкониятҳо дар муҳити бехатар”
Фокус Кӯмаки Башардӯстона (ФОКУС), созмони марбут ба Шабакаи Рушди Оғохон ва Дафтари ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон барои татбиқи марҳилаи 2-юми лоиҳаи “Фарохам овардани имкониятҳо дар муҳити бехатар: мусоидат ба дастгирии худидоракунӣ ва ҷомеаҳои устувор” (COSE II) -ро ба имзо расониданд. Муҳлати лоиҳаи 36 моҳ буда, бо ҳаммаблағгузории Ҳукумати Швейтсария аз ҷониби ФОКУС, Барномаи Ҷонибдори Инкишофи Иҷтимоии Манотиқи Кӯҳистон (MSDSP) ва Бунёди Оғо Хон (AKF) дар Тоҷикистон амалӣ мешавад.
Лоиҳа бевосита ва бавосита дар баланд бардоштани сатҳи омодагӣ ба офатҳои табиӣ миёни беш аз 50,000 нафар дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) кор хоҳад кард. Лоиҳа равишҳои нав ва инноватсиониро ба хотири пешбурд ва фароҳам овардани имкониятҳои зиндагии устувор ва баланд бардоштани устувории ҷомеаҳо ба офатҳои табиӣ дар шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Шуғнон ва Роштқалъаи ВМКБ муаррифӣ хохад кард. COSE II ҷомеаҳоро нисбат ба хатароти офатҳои табиӣ, тариқи истифодаи усулҳои васеи баҳогузории ин хатарот дар ҳамкорӣ бо ҷомеаҳо ва ҳукумати маҳаллӣ, барои муҳофизати сокинон ва таъсири офатҳои табиӣ ба онҳо, устувор мекунад. Муддати тамоми лоиҳа ФОКУС ва MSDSP дар якҷоягӣ бо аҳолӣ ва мақомоти давлатӣ барои истифодаи устувори захираҳои табиӣ, чарогоҳҳои устувор ва чорво, банақшагирии истифодаи самаранок ва идоракунии заминро барои паст кардани хатари офатҳои табиӣ мусоидат ва муассир хоҳанд кард.
Марҳилаи дуюми лоиҳа оид ба таъсиси имкониятҳо дар муҳити бехатар дар заминаи ҳамкориҳои судманд ва натиҷаҳои муваффақона миёни Ҳукумати Швейсария, ФОКУС ва MSDSP ба роҳ монда шудааст. Аз қабили натиҷаи амалисозии марҳилаи аввали COSE, ки дар омилҳои идоракунии хатароти офатҳои табиӣ ва раванди банақшагирии рушд дар сатҳи ҷамоатҳо дар ВМКБ, инчунин дар тақвият додани устувории чоряки сокинони (тақрибан 75.500 нафар) ВМКБ-ро саҳм гузошт.
Марҳилаи нави лоиҳаи мазкур ба ҷашни даҳсолагии ҳамкорӣ миёни Ҳукумати Швейтсария ва Фокус Кӯмаки Башардӯстона дар Тоҷикистон рост меояд. Дар тӯли ин лоиҳа ба ҳайси шарикони калидии ФОКУС, AKF ва MSDSP – Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи геология, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ва Кумитаи заминсозӣ хоҳанд буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |