Ёрдамчии Президент: Барои калимаҳои бегона ҷазое пешбинӣ нашудааст

Содиқ Шоҳназаров, ёрдамчии раисиҷумҳури Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, дар шарҳи азми Кумитаи забон ва истилоҳот барои ҷаримаи рӯзноманигороне, ки аз калимаҳои бегона истифода мекунанд, гуфт, дар қонунгузории кишвар чунин муқаррарот нест.
Шоҳназаров имрӯз, 3-юми август дар посух ба суоли “Озодагон” гуфт, дар қонунгузории кишвар ҷазо ё ҷарима барои истифодаи калимаҳои бегона пешбинӣ нашудааст: “Ҳамаи мо аз калимаҳои русӣ, арабӣ ва дигар забонҳо истифода мебарем. Лекин барои ин ҷарима пешбинӣ нагардидааст”.
Ёрдамчии раисиҷумҳур таъкид намуд, ки дар қонунгузорӣ барои нақзи меъёрҳои забони давлатӣ ҷазо пешбинӣ шудааст на истифодаи калимаҳои бегона. Ӯ гуфт, шояд рӯзноманигорон изҳороти раҳбарияти Кумитаи забон ва истилоҳотро нодуруст фаҳмидаанд.
Ин дар ҳолест, ки изҳороти ахири Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон дар мавриди ҷарима шудани рӯзноманигорони тоҷик барои истифодаи калимаҳои ба гуфтаи ӯ бегона дар расонаҳои маъруфи ҷаҳонӣ бозтоб шудааст.
Расонаҳо маъруфи "Deutsche Welle", “Time”, “The Guardian”, “France-Presse”, “Daily Sabah”, “Today” ва даҳҳои дигар иқдоми ҷарима кардани рӯзноманигорони тоҷикро аз сӯи Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон гузориш кардаанд.
Маҷаллаи “Time” навиштааст, чунин муқаррарот дар кишварҳои дигари пасошӯравӣ бо ҳадафи коҳиш додани нуфузи Русия ва тоза кардани забон аз истилоҳоти русӣ вуҷуд дорад.
Аммо Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳот дар изҳороташ на аз истифодаи калимаҳои русӣ, балки аз калимаҳое нигаронӣ кард, ки ҳанӯз Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, асосгузори адабиёти классикии форсу тоҷик кор бурдааст.
Шарофзода 1-уми август дар нишасти хабарӣ гуфт, бархе аз шаҳрвандон, ки забони тозаи тоҷикиро хуб медонанд, барои фаҳмидани маънои калимаҳои ба монанди “ҳаводис”, “инфиҷор” ва “мутамаркиз”ба ин ниҳод муроҷиат мекунанд. Ба гуфтаи хонум Шарофзода: “Кампири 80-сола дигар луғат намехонад. Вай муроҷиат мекунад, ки ин чӣ гап аст? Ин чӣ гуфта истодаанд, ки дар яке аз вулусволиҳои Афғонистон боз инфиҷор шуд. Ҳамон “таркиш” аст, охир”.
“Ҳаводис” яке дигар аз калимаҳоест, ки истифодаи он нигаронии Гавҳар Шарофзодаро ба вуҷуд овардааст: “Ҳамон “ҳодиса” ё “ҳодисаҳо” гӯему равем. Ин фикри ман аст”.
Тибқи иттилои Кумитаи забон ва истилоҳот барои риоя накардани меъёри забони давлатӣ аз 15 то 20 нишондиҳанда ва шахсони ҳуқуқӣ аз 30 то 40 нишондиҳанда ҷарима хоҳанд шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |