Дар Челябинск собиқадори ҷанг дар Тоҷикистонро паррондаанд
Алексей Бахарев, собиқадори ҷанг дар Тоҷикистонро назди манзили зисташ дар Челябинск паррондаанд.
Бино ба иттилои расонаҳо ин ҳодиса шоми дирӯз, 2 август, дар Рӯзи неруҳои ҳавоӣ-десантии Русия (ВДВ) ба вуқӯъ пайвастааст. Life.ru аз қавли Александр Скорик, як масъули Раёсати тафтишотии Русия дар вилояти Челябинск хабар додааст, ки “ба назди ӯ як нафари ношинос омада, тарафаш тир холӣ кардааст”.
Дар робита ба куштори ин афсари 43-сола парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ҷустуҷӯи қотил идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |