Иқдом алайҳи истифодаи симкортҳои Тоҷикистон аз сӯи террористону қочоқбарони афғон

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон иттилоъ дод, ки барои ҷилавгирӣ аз истифодаи симкортҳои ширкатҳои мобилии Тоҷикистон аз сӯи қочоқбарону ифротиёни афғон бархе аз антенаҳои наздимарзиро хомӯш кардаанд.
Ҳабибулло Сафолов, масъули Хадамоти алоқа гуфт, феълан мавҷ дар навоҳии наздимарзӣ бо Афғонистон суст шудааст, то шаҳрвандони он тарафи дарёи Панҷ натавонанд аз симкортҳои Тоҷикистон истифода кунанд: “Ҳозир қабули мавҷ аз ҷониби Афғонистон барои истифодаи симкортҳои Тоҷикистон кам шудааст”.
Ин иқдоми Хадамоти алоқа дар ҳолест, ки қаблан Мансурҷон Умаров, муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ гуфт, бар асоси таҳлилҳо ҷангҷӯёни “Толибон”, ки дар марз бо Тоҷикистон қарор доранд, аз симкортҳои ширкатҳои мобилии Тоҷикистон истифода мебаранд.
Ӯ гуфт, бархе қочоқбарони кишвари ҳамсоя низ симкортҳои Тоҷикистонро доранд: "Вақтҳои охир мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, махсусан сохторҳои Кумити давлатии амнияти миллӣ ҳолатҳои сершумори аз ҷониби гуруҳои муташаккили ҷиноӣ, аъзои созмонҳои экстремистӣ-террористӣ ва қочоқбарони маводи мухаддир истифода бурдани симкортҳои беном ва бо исми шахсони бегона номнависшуда, инчунин ба Афғонистон баровардани теъдоди зиёди симкортҳоро ошкор карда истодаанд".
Дар пайи ин изҳороти Кумитаи амният Хадамоти алоқа аз ширкатҳои мобилӣ хост, дастгоҳҳои мавҷфиристанда ва мавҷқабулкунандаашро аз марз ба дарунтари Тоҷикистон оранд, то имкони истифодаи симкортҳо дар Афғонистон кам карда шавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |