Тавсиф аз таронаи Соҳиб Назриев миёни корбарони афғони Фейсбук (ВИДЕО)
Таронаи “Дар ҷавонӣ тоати чандон накардам”-и Соҳиб Назриев, овозхони шинохтаи тоҷик миёни корбарони афғони шабакаи иҷтимоии Фейсбук “шӯр”-е барангехт.
Навори ин таронаро, ки бо порчаҳо аз як маҳфили вазъ танзим шудааст, давоми 21 соат 4 ҳазору 800 маротиба тамошо кардаанд. Дар пораҳое, ки ба навори суруд пайванд шудааст, гуруҳе дар ҳоли гиря кардан зоҳир мешаванд ва ба гуфтаи коршиносон эҳтимол кадом маҳфили суфиён аст.
Корбарони Фейсбук аз матни тарона ва садои овозхон зиёд тавсиф кардаанд. Зикриё Ҳакимӣ навиштааст, аввалин оҳангест, ки ба ин андоза зебо шунидааст. Ҳусайн Ризоӣ онро “бисёр мақбул ва дилнишин” гуфта, Самӣ Файзӣ аз садои Соҳиб Назрӣ тавсиф кардааст.
Соҳиб Назриев аз хонаводаи овозхонҳои саршинос Абдулло, Давлат Назриевҳо мебошад. “Муҳаммад”, “Дар ғами ишқ”, “Дили девона”, “Хубони Дарвоз” аз таронаҳои маъруфи ӯ мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |