Тоҷикистон: Корбарони интернет 1 миллион нафар кам шудаанд
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон иттилоъ дод, ки теъдоди корбарони интернет дар кишвар айни ҳол ба 2,8 миллион нафар расидааст, ки дар қиёс ба аввали соли равон 200 ҳазор ва нисбати аввали соли гузашта 1 миллион нафар камтар мебошад.
Тибқи иттилои Хадамоти алоқа омори мазкур корбарони интернети мобилиро низ дар бар гирифта, айни ҳол аз ҳар 100 шаҳрванди Тоҷикикистон 34 нафар истифодабарандаи интернет мебошанд.
Бар асоси омори Хадамоти алоқа шумораи муштариёни фаъоли алоқаи мобилӣ низ дар кишвар коҳиш ёфтааст: “Аз 10 миллион муштарии алоқаи мобилӣ дар кишвар феълан танҳо 4,9 миллион нафарашон фаъол мебошанд. Ба ҳар 100 сокини Тоҷикистон 63 адад телефони мобилӣ рост меояд”.
Коҳиши корбарони интернет дар ҳолест, ки феълан дар Тоҷикистон дастрасӣ ба аксари сомонаҳои хабарии дохилӣ, аз ҷумла “Озодагон”, шабакаҳои Фейсбук, Ютуб ва даҳҳо сомонаи дигар масдуд мебошад. Аммо Хадамоти алоқа рабт доштани коҳиши корбарони интернетро ба сайтбандиҳо рад карда, омили асосиро буҳрони иқтисодӣ номид.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |