Сокини 73-солаи ноҳияи Рӯдакӣ бо бел ҳамсояашро куштааст
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ошкор шудани омилони ду ҷинояти куштор хабар медиҳад.
Бино ба иттилои ин ниҳод, кормандони пулис дар пайи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ як сокини 73-солаи ноҳияи Рӯдакиро боздошт кардаанд, ки дар куштори ҳамсояаш гумонбар мешавад: “Номбурда, бинобар сабаби хусумат доштан бо ҳамсояаш, марди 67-сола С.Қ. муноқиша намуда, бо бели дар дасташ буда, ба сари ҳамсояаш як маротиба зада, охиронро захмин намудааст. Дар натиҷа С.Қ. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат расидааст”.
Манбаъ мегӯяд, ҳамчунин бо иттиҳоми куштор як сокини 38-солаи шаҳри Душанбе дастгир шудааст: “А.Б, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, аз сабаби муноқишаи оилавӣ бо ҳамсараш, Н.Ш., зани 28-сола, ҷангу ҷанҷол карда, ӯро ба қатл расонидааст”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |