Вазорат пойбанди хориҷа мондани Тоҷикистонро ба “Роғун” рабт дод

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар доираи як барнома бояд то соли 2015 тавозуни савдои хориҷиро мусбат ва ҳаҷми содироту воридотро ҳадди ақал баробар мекард, ки иҷро нагардид. Тайи ин муддат Тоҷикистон баръакс бештар пойбанди воридот шуда, тавозуни манфии савдои хориҷӣ бештар гардидааст.
Умед Давлатзод, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон имрӯз, 2-юми август дар шарҳи баробар нагаштани воридоту содирот ба “Озодагон” гуфт, ин масъала ба сохта нашудани корхонаҳои бузург, аз ҷумла НОБ-и “Роғун” ва як корхонаи азими дигар дар Хатлон рабт дод.
Давлатзод гуфт, “ҳангоме барномаи баробар кардани воридоту содирот то соли 2015 таҳия мешуд як қатор чорабиниҳо дар назар буданд. Мутаассифона бо сабабҳои объективӣ ва барои ҳамаи мо ошкор бархеи онҳо амалӣ нагардиданд. Мисол яке аз онҳо ба кор андохтани ду чархаи НОБ-и Роғун ё сохтмони як заводи дигар дар Хатлон буд”.
Ноиби вазири рушди иқтисод гуфт, бо сабабҳое, ки уҳдадориҳои шарикон иҷро нашуданд, дар пасманзари эътирози кишварҳои ҳамсояи поёноб сохмони “Роғун” ба таъхир афтоду ташхиси байналмилалӣ таъин шуд, тавозуни савдои хориҷӣ манфӣ боқӣ монд.
Давлатзода иттилоъ дод, ки ҳоло барномаи рушди содирот ва тақвияти истеҳсолоти ивазкунандаи воридот барои солҳои 2016-2020 пешбинӣ шудааст ва дар онҷо ба фарқ аз барномаҳои пешина дурнамои гуногуни гардиши савдои хориҷӣ пешбинӣ шудааст.
Тибқи иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдо гардиши савдои хориҷӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 1,94 миллиард долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,8 фоиз кам мебошад. Манбаъ мегӯяд, ҳиссаи содирот дар гардиши савдои хориҷӣ 22,7 фоиз ва воридот 77,3 фоиз баробар гардид, ки дар таносуб нисбат ба солҳои қаблӣ беҳтаршавӣ ба назар мерасад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |