“Барқи тоҷик” беасос мардумро қарздор мекунад?
Мирзо Исмоилзода, раиси ширкати “Барқи тоҷик” имрӯз, 2-юми август қарзи аҳолиро аз барқ 621,7 миллион сомонӣ гуфт, ки ба гуфтаи ҳолдонҳо шубҳаовар аст.
Тибқи иттилои худи “Барқи тоҷик” ин ширкат миёни аҳолӣ ҳудуди 1 миллиону 200 ҳазор муштарӣ дорад: “621 миллион сомонӣ қарз тақсими 1 миллиону 200 ҳазор муштарӣ баробар мешавад ба 518 сомонӣ”.
Бар асоси изҳороти нави раиси “Барқи тоҷик” ҳар мизоҷи ин ширкат дар миёни аҳолӣ ба ҳисоби миёна аз барқ 518 сомонӣ қарздор аст. Дар ҳоле, ки мизоҷон бо чунин ҳаҷми қарз миёни аҳолӣ ангуштшуморанд. Бисёри мизоҷон қарздорияшонро рад карда, изҳор медоранд, ки агар дар пардохти ҳаққи барқ ҳадди ақал як моҳ дер кунанд, нозирон интиқоли нерӯро қатъ мекунанд.
Ба суоли “Озодагон”, ки чаро чунин номутобиқат миёни ҳисоботи “Барқи тоҷик” ва воқеият аст, Исмоилзода гуфт, садҳо миллион сомонӣ қарзи мардум аз солҳои пеш ба вуҷуд омадааст.
Ӯ афзуд, тайи 6 моҳи соли равон аз мизоҷони дохилӣ 663,5 миллион сомонӣ ҳаққи барқ ҷамъоварӣ гардидааст, ки 78,7 фоизи барқи ҳисобшударо ташкил медиҳад. Аз ҷумла аз аҳолӣ 80,1 фоизи маблағи барқи ҳисобшуда ҷамъоварӣ гардидааст.
Ба гуфтаи бархе аз коршиносон ҳолатҳои дуздии нерӯ ва исрофкорӣ низ дар “Барқи тоҷик” баъзан дар ҳисоботҳо ҳамчун қарзи аҳолӣ сабт мешавад, аммо суроғаи дақиқи муштриёне, ки гӯиё аз ин ширкат қарздоранд, ҳатто худи масъулини “Барқи тоҷик” намедонанд.
Қаблан дар пайи нашри як матлаб дар ин бора дар “Озодагон” Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон дар бархе аз сохторҳои “Барқи тоҷик” санҷиш гузаронда, беасос бор кардани қарз ба дӯши мардумро ошкор кард. Тибқи натиҷаҳои санҷиши Оҷонсии зидди фасод "Барқи тоҷик” ҳаққи барқро аз мардум ҷамъ карда, вале дар ҳисоботҳояш мардумро барзиёд қарздор нишон медиҳад. Аз ҷумла санҷиши ҳисоботҳои соли 2012-2013 дар шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе чунин натиҷа додааст: “Омўзиш ва таҳлили сабабҳои зиёдшавии қарзи аҳолӣ аз истифодабарии қувваи барқ дар ҶСК «Шабакаи барқии Душанбе» муайян намуд, ки дар асл қарзи муштариёни шаҳри Душанбе ба ҳолатҳои 1 январи соли 2012 маблағи 39,4 млн. сомонӣ ва 1 апрели соли 2013 маблағи 62,9 млн. сомониро ташкил медиҳанд, вале ин қарзҳо дар ҳисоботҳои муҳосибӣ беасос 2-3 баробар зиёд нишон дода шуда, мутаносибан ба маблағи 96,8 млн. сомонӣ ва 120,6 млн. сомонӣ сабт карда шудаанд.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |