Оҷонсӣ: Кумитаи амвол моли давлатро ғайриқонунӣ фурӯхтааст

Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, ниҳоди тобеи Қодири Қосим санҷиш гузаронда, муайян намудааст, ки масъулини он собиқ бинои нозироти андози ноҳияи Ванҷро ғайриқонунӣ фурӯхтаанд.
Тавре аз Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, собиқ бинои нозироти андози ноҳияи Ванҷ ба ивази 14,3 ҳазор сомонӣ, бо нақзи меъёрҳои қонунгузории кишвар фурӯхта шудааст: “Инчунин муайян гардид, ки тавассути музоядаҳо бинои маъмурии Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияи Б.Ғафуров ба ҶСП “Сомон Суғд” ба ивази 165,4 ҳазор сомонӣ ва биною иншооти матбааи КВД “Фулузоти нодири Тоҷикистон” воқеъ дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд ба шаҳрванд Раҳимов А.Ш. бо нархи 112,4 ҳазор сомонӣ бар хилофи талаботи муқарраршудаи қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ хусусӣ гардонида шудааст”.
Манбаъ мегӯяд, зарари молиявӣ дар Дастгоҳи марказии кумитаи мазкур ба маблағи 46,8 ҳазор сомонӣ ва дар Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷинвест» ба маблағи 127,1 ҳазор сомонӣ муайян карда шуд.
Дар маҷмуъ Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон иттилоъ дод, ки зарар аз фурӯш ва ба иҷора додани амволи давлатӣ 3 миллион сомониро ташкил додаст. Дар ҳоле, ки ин нишондод соли гузашта баробари 1,9 миллион сомонӣ буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |