5 сол ҳабси зани рус, ки бо “шиносномаи тоҷикӣ” Сурия рафтанӣ буд

Додгоҳи ҳарбии Маскав як сокини 31-солаи пойтахти Русияро барои даъватҳои оммавӣ ба фаъолиятҳои террористӣ ва талоши пайвастан ба гуруҳи ифротии ба ном “Давлати исломӣ” панҷ сол равонаи зиндон кардааст.
Аз ин зан ном бурда нашудааст, аммо бино ба иттилои Вазорати умури дохилии Русия, ӯ акси худро дар шиносномаи як шаҳрванди Тоҷикистон насб карда, мехостааст ба Сурия биравад.
Ирина Волк, намояндаи ВКД Русия ба хабарнигорон гуфтааст, баҳори соли сипаришуда кормандони ҳифзи ҳуқуқ маълумот гирифтаанд, ки як сокини Маскав дар саҳифаи худ дар яке аз шабакаҳои иҷтимоӣ ба фаъолиятҳои террористӣ ва экстремистӣ даъват намудааст. Дар пайи санҷишҳои лингвистӣ моҳи октябри соли 2015 дар ин робита парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ҳангоми ҷустуҷӯ аз ҳуҷраи ин зан парчами сиёҳ пайдо кардаанд.
Ӯро бо шарти берун нарафтан аз маҳалли иқомат раҳо кардаанд, аммо вай моҳи январи соли 2016 тавассути мусофиркаши самти “Москва – Тбилиси” мехостаат ба Гурҷистон аз онҷо ба Туркия ва баъдан ба Сурия рафта, ба “Давлати исломӣ” бипайвандад: "Ҳангоми гузаштан аз нуқтаи назорати марзии “Ларси Боло” ӯро дастгир кардаанд. Маълум шуд, ки вай шиносномаро бо номи шаҳрванди Тоҷикистон истифода карда, акси худро онҷо насб кардааст”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |