Афзоиши одамрабоӣ дар Тоҷикистон: Омор, омил ва оянда
Иршод Сулаймонӣ
Боздошти гуруҳи созмонёфтаи муттаҳам дар кӯдакрабоӣ аз ҷониби ВКД агар ба гум шудани кӯдакон-Сабина ва Малика Араловаҳо дар соли 2013 ва Осия Диловара дар соли 2014 рабт медошт, аз назари коршиносон метавонист, зарбае ба афзудани ҷиноятҳои марбут ба одамрабоӣ дар Тоҷикистон бошад. Акнун, ки ВКД эълом дошт, ин гуруҳ ба гум шудани Араловаҳо ва Диловарова рабте надорад, гуфта мешавад, ки ҷиноёти марбут ба одамрабоӣ ба таври нигаронкунада афзоиш меёбанд.
Омор аз чӣ мегӯяд?
Зиёд шудани ҷиноятҳои марбут ба одамрабоӣ дар Тоҷикистонро мақомоти аршади давлат, аз ҷумла Суди Олӣ, ВКД ва Прократураи генралӣ тасдиқ кардаанд. Ба иттилои Суди Олии Тоҷикистон танҳо дар нимсолаи соли равон додгоҳҳои кишвар 33 парвандаи марбут ба одамрабоӣ ва истисмори шаҳвониву одамрабоиро баррасӣ кардаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 27 парванда зиёдтар будааст. Бар пайи ин афзоиши бесобиқаи ҷиноёти марбут ба хариду фурӯши одамон 44 нафар равонаи зиндон шудаанд. Ин ҳам дар ҳоле, ки соли гузшта, дар нимсолаи аввал ҳамагӣ 10 нафар бо ин ҷурм зиндонӣшудаанд.
Прократураи генералии Тоҷикистон мегӯяд, аз соли 2013 то кунун 147 ҳолати марбут ба хариду фурӯши одамонро ин ниҳод номнавис кардааст ва бар асоси онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ба гуфтаи Фаррух Рауфов, муовини сардори Раёсати назорати тафтишоти пешакӣ дар Прокуратураи генералии Тоҷикистон аз ин теъдод 47 ҳолат ба хариду фуруши одамон, 62 ҳолат ба ҷалб барои истисмор (бештар истисмори шаҳвонӣ) ва 38 ҳолат ба хариду фуруши кӯдакони ноболиғ марбут мебошад. Ба гуфти ин мақоми Прокуратураи генералӣ ҷиноятҳои марбут ба истисмори шаҳвонии занон дар соли 2013 ҳамагӣ 6, соли 2014 - 25, дар солҳои 2015 ва ним соли 2016, мутаносибан 14 ва 2 ҳолат будаанд. Кишварҳое, ки аз ҳама беш занони тоҷик ба онҷо интиқол дода мешаванд ва мавриди истисмори шаҳвонӣ қарор мегиранд Туркия, АМА, Русия, Қазоқистон будаанд. Ба гуфти Фаррух Рауфов ҳоло шаҳри Истанбули Туркия ҷойи Дубайи Аморати Муттаҳидаи Арабро гирифта, бештари занону духтарони тоҷик ба ин шаҳр бурда мешаванд.
Бар асоси иттилои ин ниҳод мавридҳои ҷалб барои истимор, бештар истисмори шаҳвонии шаҳрвандони Тоҷикистон чунин аст: Соли 2013 -29 маврид; 2014-14 ҳолат; 2015-13 ҳолат ва ним соли 2016-6 маврид. Мавридҳои хариду фурӯши кӯдакон ва ноболиғонро ин ниҳод ин тавр ҳисоб кардааст: 2013-10 ҳолат; 2014-9 ҳолат; 2015 - 14 ва ним соли 2016-5 ҳолат.
Бар асоси омори Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон тайи 10 соли ахир бештар аз 679 қурбонии савдои одамон аз ҷониби ин ниҳод шиносоӣ шудааст. Ин ниҳод мегӯяд, ки инҳо қурбонии истисмори шаҳвонӣ ва мавриди истисмори меҳнатӣ қарор гирифтаанд. Созмони байналмилалии муҳоҷират ин теъдодро чунин таснифоти ҷинсиву синну солӣ кардааст: Мардон-332 нафар; занон 347 нафар; Аз ҷамъи ин теъдод кӯдакону ноболиғон 108 нафар.
Омори пешниҳодии мақомоти Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилаливу ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон гувоҳи онанд, ки масъалаи савдои одамон дар кишвари мо аз мушкилоти бузурги кишвар мебошад. Ба назари коршиносон ҳама мавридҳои зиёди марбут ба савдои одамон аз омор берун мемонанд. Агар ин ин мавридҳо ҳам шиносоӣ ва вориди омор шаванд ин ҷиноёт барои кишвари кучаке мисли Тоҷикистон бисёр нигаронкунанда мебошанд.
Ин омор дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон масъали қурбонии савдои одамон эътироф шудан ё нашудани фиребхӯрдагони ДИИШ ё касоне, ки аз роҳҳои мағзшӯйӣ ва маҷбурӣ ба сафи ДИИШ ва дигар гуруҳҳои бунёдгарову ифротгаро ҷалб шудаанд, боиси баҳсҳои мақомот ва коршиносон шудааст, вале дар ин маврид иттифоқи оро ҳосил нашудааст.
Ба назари Карим Солиев, муовини сардори Академияи ВКД Тоҷикистон ва яке аз муаллифони Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон", агар собит шавад, ки ин гуна касон бо роҳи фиреб, маҷбуран ва зӯран ба ин гуна созмонҳои ифротгарову бунёдгаро ҷалб шудаанд, мақомоти қудратӣ зимни тафтишот метавонад онҳоро қурбонии савдои одамон эътироф намоянд ва давлат ё дигар созмонҳои ватаниву байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони байналмилалии муҳоҷират дар доираи ваколатҳои худ ба ин гуна афрод ёрмандиҳои гуногун мерасонанд. Нозирони умур мегӯянд, агар дар ин масъала ва ҳамчунин дар мавриди истисмори кории шаҳрвандони кишвар дар Русия ва кишварҳои дигари муҳоҷирпазир тадқиқот ва тафтишоти бештар сурат бигирад, омори марбут ба савдои одамон хеле зиёд мебошад.
Тоҷикистон ва савдои одамон
Афзоиши ҷиноёти марбут ба савдои одамон дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки дар кишвари мо аз хеле пештар ба ин падида таваҷҷуҳи давлат ва дигар ниҳодҳои маданӣ ҷалб шуда буд. Ҳанӯз аз соли 2006 дар Тоҷикистон Комиссияи байниидоравӣ доир ба хариду фурӯши одамон дар назди Ҳукумати Тоҷикистон амал мекунад, ки дар он дар баробари мақомоти давлат, ҳамчунин созмонҳои зирабти байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ шомил мебошанд.
Тоҷикистон қонунгузории худ дар самти мубориза ва пешгирӣ аз савдои одамонро сол то сол ташдид мебахшад ва ҳоло ба ҷуз чанд моддаи қонунгузории ҷиноятӣ ва дигар қонуну санадҳои ҳуқуқӣ, инчунин қонуни алоҳида “Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон”-ро пазируфтааст ва дар доираи онҳо мубориза бо савдои одамонро роҳандозӣ мекунад. Аз назари коршиносон ин қонун дар фазои кишварҳои Осиёи Марказӣ аввалин қонун буда ва танҳо қонунест, ки дар он ҳамчунин масъалаи ёрӣ ба қурбониёни савдои одамон пешбинӣ шудааст.
Савдои одамон аз шумули ҷиноятҳои фаромилӣ ба шумор меравад, ки ҳар сол дар ҷаҳон то 4 миллион одам мавриди хариду фурӯш қарор гирифта, аз ин ҳисоб олами ҷиноӣ беш аз 7 миллиард доллар фоида мегирад. Бар асоси манбаъҳои мухталифи омор ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дар ҳоли ҳозир 200 миллион ҷабрдида дар чунин ҳолат - хариду фурӯш, қочоқи инсон, мавриди истисмор қарор гирифтан, ҳолатҳои одамрабоӣ ва хушунат қарор доранд.
Дар Тоҷикистон дар чанд соли ахир аз ҷониби мақомот муборизаи шадид алайҳи савдои одамон бурда мешуд, вале ба назари коршиносон ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ бар асари зиёд шудани ҷиноятҳои марбут ба терроризму экстремизм ҳоло таваҷҷуҳи мақомот ба ин гуна ҷиноёт камтар шудааст.
Фаррух Рауфов, муовини сардори Раёсати назорати тафтишоти пешакӣ дар Прократураи генералии Тоҷикистон мегӯяд, ки “чун дар солҳои охир ҷиноятҳои марбут ба экстремизму терроризм бештар шуд, таваҷҷуҳ аз савдои одамон гирифта шудаву ба ин гуна ҷиноятҳо ҷалб шуд, зеро барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи масъалаи амният ва суботи давлат аз ҳама муҳимтар аст”. Вале ба гуфти Рауфов ин ба он маъно нест, ки муборизаи мақомот дар ин самт коҳиш ёфта бошад, балки бештар ба ин маъност, ки авлввияти ин самт бо терроризм экстремизм иваз шуд.
Коршиносони соҳа бошанд пешниҳод мекунанд, ки гуруҳҳои манфиатдор дар савдои одамон маҳз дар ҳамин гуна маворид, ки таваҷҷуҳи мақомоти давлат ба самтҳои дигар банд мебошад, даст ба кор мешаванд ва ғолибан дар ҳамин гуна мавридҳо теъдоди ин ҷиноёт меафзояд. Ҳар чанд Суди Олии Тоҷикистон сабаби афзоиши ҷиноёт дар ин самтро шарҳ надодааст, вале аз назари коршиносон яке аз сабабҳои аслӣ истифоди гуруҳҳои манфитадор аз мавридҳоест, ки таваҷҷуҳи мақомот ба масоили дигаре банд мебошанд.
Гулчеҳра Иброҳимова, коршиноси Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Душанбе мегӯяд, ки дар Тоҷикистон то соли 2010 бештар таваҷҷуҳи мақомот ба масоили истисмори шаҳвонӣ дар савдои одамон банд буд ва омори кишвар ҳам тайи ин солҳо бештар ҳамин самтро фаро мегирад. Вале ба назари ин коршиноси Созмони байналмилалии муҳоҷират агар ба масъалаи истисмори корӣ ва меҳнати маҷбуриву ғуломӣ ҳам таваҷҷуҳ шавад, фикр мекунам ин гуна мавридҳо ҳам хеле кам нестанд.
Ба гуфтаи Гулчеҳра Иброҳимова қурбониёни савдои одамон дар дохили Тоҷикистон ҳам кам нестанд ва Созмони байналмилалии муҳоҷират бо дастгирии молиявии USAID лоиҳаи тозаеро роҳандозӣ кардааст, ки ба омӯзиш ва таҳқиқи вазъи қурбониёни савдои одамон, аз ҷумла истисмори меҳнатӣ бахшида шудааст. Иброҳимова мегӯяд сабаби роҳандозӣ шудани чунин як лоиҳа ба он марбут аст, ки вазъи дохилӣ нигаронии созмонҳои масъул дар ин самтро ба бор овардааст.
Савдои одамон: омил, сабаб ва пешгирӣ
Ба эътирофи мақомоти Тоҷикистон савдои одамон дар Тоҷикистон пешинаи бисёр дурударозе надорад. Ин ҷиноятҳо ба таври нигаронкунанда ҳамагӣ 18 сол пеш содир шудаанд ва мақомот дар ин росто даст ба кор шудаанд. Яке аз омилҳои пайдоиш ва рушди савдои одамонро коршиносон ҷанги шаҳрвандии соли 1992-97 ва бебандубориву авзои муташаниҷи сиёсиву иҷтимоии кишвар дар он солҳо медонанд.
Ҳоло аз назари коршиносон омилҳо ва сабабҳои зиёд шудани ҷиноятҳои марбут ба савдои одамон дар баробари таъсири ҷанги шаҳрвандӣ, инчунин вазъи ноҷӯри иқтисодӣ, шумори зиёди бекорӣ, муҳоҷирати танзимнашуда, истифодаи гуруҳҳои манфиатдор аз вазъиятҳои хос дар дохили кишвар, рушди тиб ва пайвандсозии узвҳои инсон мебошанд.
Ба гуфтаи Фаррух Рауфов ҳолатҳои ошкоршудаи савдои одамон, хусусан кӯдакон дар Тоҷикистон нишон додааст, ки дар ҳеч маврид ин амалҳо барои рабудани узвҳои бадани онҳо ва бо мақсади пайвандсозӣ дар тиб ва фурӯхтани онҳо, набудааст. Вале дар иттилоияе, ки ВКД баъди боздошти гуруҳи созмонёфтае дар Душанбе бо роҳбарии Матлуба Ахмедоваи 48-сола гуфта мешуд, ки аз ин гуруҳ ҳангоми кофтуков аз манзили ба иҷорагирифтаашон дар маҳаллаи Зарафшони Душанбе асбобу олоти ҷарроҳикунӣ, сӯзандорову ҳабҳои мадҳушкунанда (Феназепам, Диазепам) ва ҳатто либосҳои кӯдакона пайдо шудаанд: "Аз дохили мошине ҳам, ки Ф.Б.-и ноболиғ бо он бурда мешуд, сӯзандорӯи омодашуда пайдо гардидааст, ки бо моеи мадҳушкунанда омехта шудааст".
Соли 2013 дар ҷиноятҳои савдои одамон аз ҳама қазияи пурсару садо гум шудани Малика ва Сабина Араловаҳо, сокинони маҳаллаи Садбарги шаҳри Душанбе буд, ки то ҳол пайдо нашудаанд. Ин қазияи таваҷҷуҳи бесобиқаи ҷомеаи шаҳрвандиро дар Тоҷикистон ба худ ҷалб кард. Вале соле нагузашта аз ҳамин маҳалла ва аз ҳамин бинои маскунӣ Осия Диловароваи панҷсола гум шуд, ки баъдтар ҷасадаш дар аз ноҳияи Ҳисор пайдо шуд, вале дар мавриди ташхиси ҷасади пайдошудаи Осия иттилое дар ихтиёри расонаҳо ва ҷомеа қарор дода нашуд.
Яке аз сабабҳои дигари афзоиши ин гуна ҷиноятҳоро коршиносон махфӣ будани парвандаҳои муртабит медонанд ва мегӯянд, агар мақомот дастандаркорон ва гуруҳҳои манфиатдор дар ин гуна ҷиноятҳоро ба ҷомеа пешниҳод кунад ва онҳо мавриди маззамати иҷтимоӣ қарор бигиранд, имкон дорад, ки ин гуна амалу кирдор камтар шавад.
Коршиносон ҳамчунин пешниҳод мекунанд, ки дар баробари ташдид бахшидани қонунгузорӣ, ҳамчунин бояд решаву заминаҳои ин гуна ҷиноёт дар кишвар шиносоӣ шаванд, то имкон пайдо шавад, ки мақомот бо онҳо муборизаи дуруст баранд.
Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки дар бештари мавридҳои савдои одамон мақомоти қудратӣ ҳам шарик мебошанд. Дар Тоҷикистон, ҳарчанд чанд мавриди шарикии кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар ин гуна ҷиноёт собит ва ошкор шудааст, вале гуруҳҳои созмонёфтаву систематикии ҳифзи ҳуқуқ то ҳануз ошкор нашудаанд ва ё барои ҷомеа ифшо нагардидаанд. Коршиносон тахмин мезананд, ки мақомот барои пешгирӣ аз коҳиши эътимоди мардум ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва беобрӯгии онҳо аз ифшои ин гуна гуруҳҳову маълумот худдорӣ мекунанд.
Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшиноси варзидаи тоҷик, чанде пештар дар яке аз нишастҳои марбут ба ин масъала гуфта буд, ки дар сурати масоили бекориву эҳтиёҷ ба даромади аҳолӣ, масъалаҳои мисли одамрабоӣ хеле зуд ҳал намешаванд. Ин коршиноси тоҷик мегӯяд, ки барои мувафақ шудан дар мубориза бо ин гуна ҷиноёт ва кам кардани он бояд сабаб ва омилҳо омӯхтаву пайдо карда шаванд.: “Ҳазор қонун қабул карда шаваду ҷазо сахттар шавад, сабабашро бояд пайдо кард. Мақомот ва созмонҳои ғайридавлатӣ ҳамеша бо натиҷаҳо мубориза мебаранд, вале бояд сабабро пайдо карда, решакан кард. Ҳеч як қонун наметавонад пеши инро гирад, ҳарчанд онҳое, ки ба ин кор даст мезананд, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд, аммо боз мегӯям, ки танҳо қонун роҳи ҳалли масъала нест”.
Ҳарчанд бо боздошт шудани гуруҳи Матлуба Ахмедова дар Тоҷикистон умеду бовар ба боздошт шудани омилини ҷиноятҳои савдои одамон зиёд шудааст, вале гуфта мешавад, ки агар мубориза дар ин самт касбитару мантиқитар роҳ андохта нашавад, имкон аст, ки ин гуна амалҳо бештар шавад. Зеро минтақаи Осиёи Марказӣ дучори гардишҳои нави сиёсиву бозиҳои геополитикие шудааст, ки шароитро барои содир кардани ин гуна ҷиноятҳо бештар менамояд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |