Имзои 4 санади нав ва ҳамовозии Э.Раҳмону Видодо алайҳи исломситезию терроризм
Дар пайи музокироти сатҳи олии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо Ҷоко Видодо, президенти Индонезия 4 санади ҳамкорӣ ба имзо расиданд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон созишнома миёни ҳукуматҳои ду кишвар барои бекор намудани раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ, Ёддошти тафоҳум байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Индонезия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таълим ва бозомӯзии кадрҳои дипломатӣ, Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии миллии мубориза бар зидди терроризми Ҷумҳурии Индонезия дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза алайҳи терроризм, Ёддошти тафоҳум байни Департаменти мониторинги молиявии Бонки миллии Тоҷикистон ва Маркази гузоришҳои трансаксионии молиявӣ ва аналитикии Индонезия дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи маълумоти молиявии кашшофии вобаста ба шустушӯи маблағҳо ва маблағгузории терроризм ба имзо расид.
Эмомалӣ Раҳмон дар пайи мулоқот ва имзои санадҳо миёни Тоҷикистону Индонезия ба рӯзноманигорон изҳор дошт, ки давлатҳои мо тасмим гирифтанд, ки ҳадафмандона ҷиҳати рушди тиҷорат, тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва омӯзиши имкониятҳои ҷалби сармоя ба он, ҳамчунин таҳкими робитаҳои гуманитариву фарҳангиашон кӯшишҳои бештар ба харҷ диҳанд: “Ҳамчунин, даъват ба амал овардем, ки ҷониби Индонезия иштироки худро дар татбиқи лоиҳаҳои зиёди сармоявии Тоҷикистон, ки аксарашон аҳаммияти минтақавӣ доранд, фаъол гардонад”.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон изҳор доштааст, ки омода аст барои соҳибкорону ширкатҳои Индонезия ҳама шароитҳои заруриро фароҳам орад.
Дар мавриди масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштааст, ки назароти ҷонибҳо роҷеъ ба бисёре аз ҷанбаҳои мавзӯъҳои доғи рӯз, минҷумла терроризми байналмилалӣ, экстремизм ва исломситезӣ ба ҳам мувофиқ ё наздик мебошанд: “Дар ин росто ман аз ҳамтои худ, Ҷаноби Олӣ Ҷоко Видодо даъват ба амал овардам, ки дар фурсати барояшон муносиб аз Тоҷикистон боздид намоянд ва меҳмони азизу олиқадри мардуми Тоҷикистон шаванд”.
Сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон дар Индонезия идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |