Ғарқшавии 6 кӯдаку ҷавон дар рӯзҳои истироҳат

Рӯзҳои истироҳати гузашта дар ҷӯйу дарёҳои Тоҷикистон 4 ҷавони аз 18 то 24-сола ва ду кӯдаки 2-4-сола ғарқ шуда, ба ҳалокат расидаанд.
Тавре аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, баъди зуҳри рӯзи шанбеи 31-уми июл ду сокини 18 ва 23-солаи шаҳри Қӯрғонтеппа ҳангоми оббозӣ дар дарёи “Вахш”, дар ҳудуди деҳаи Сари пули ноҳияи Бохтар, аз беэҳтиётӣ ғарқ шуда, ҷон додаанд: “Инчунин 31-уми июл сокини 24-солаи ноҳияи Ховалинг ҳангоми оббозӣ дар ҳавзи моҳипарварӣ, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ ба ҳалокат расидааст”.
Манбаъ мегӯяд, ҳодисаи 4-уми ғарқшавӣ шоми 31-уми июл дар деҳаи Лермонтови ноҳияи Бохтар сабт шудааст, ки дар пайи донишҷӯи 21-сола, сокини шаҳри Душанбе ҷон додааст.
Вазорати умури дохилӣ волидонро ба нигоҳубини бештари кӯдакон даъват намуда, иттилоъ дод, ки маҳз дар пайи беназоратӣ рӯзи гузашта духтарчаи дусола, сокини деҳаи Маҳмадшои болои ноҳияи Рӯдакӣ ва писарбачаи 4-солаи сокини ҷамоати деҳоти С.Исоеви ноҳияи Ҷ.Балхӣ ба ҷӯйбор афтида, ба ҳалокат расидаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |