(АКС) Манъи ҳаракати мошинҳо дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд

Бо далели фаромадани ярч дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд ва банд шудани роҳ дар ин масир танбаи зиёди мошинҳо ба вуҷуд омадааст.
Кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА) ба “Озодагон” гуфтанд, ярч тақрибан соатҳои 15:00-и рӯзи ҷумъаи 29 июл дар километри аз 48 то 52-и ин шоҳроҳ фаромадааст. Дар ҳамин ҳол ронандаҳо мегӯянд, аз рӯзи гузашта аз ду тараф – ҳам аз самти Душанбе ва ҳам аз ҷониби Хуҷанд танбаи бузурги мошинҳо ба вуҷуд омадааст. Дар натиҷа кормандони БДА маҷбур шудаанд ба ҳаракати мошинҳо аз самти Душанбе иҷозат надиҳанд.
Хабарнигори “Озодагон”, ки дар назди постгоҳи Чорбоғ қарор дорад, мегӯяд, кормандони БДА ҳанӯз ба мошинҳо иҷозаи ҳаракат намедиҳанд. Як ронанда ба хабарнигори мо гуфт, аз рӯзи гузашта се маротиба ба инҷо омад, аммо гуфтанд ҳанӯз роҳ баста аст. Як корманди БДА гуфт, ҳоло поккории роҳ аз ярчу сангреза шурӯъ шудааст ва дар сурати анҷом шудан, ба ҳаракати мошинҳо иҷоза медиҳанд. Аммо ронандаҳо мегӯянд, ҳанӯз хатари фаромадани ярч мавҷуд аст ва ин кори поккории роҳро душвор мекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |