Агентии коррупсия дар бораи зарарҳои молиявии ошкоршуда дар филиалҳои “Амонатбонк”
Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон мегӯяд, дар фаъолияти “Амонатбонк” камбудиҳои ҷиддӣ ошкор кардааст.
Давлатбек Хайрзода, муовини раиси ин оҷонсӣ 29 июл дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, дар пайи санҷишҳо чанд ҳолати дуздии маблағҳои ба амонатгузоштаи шаҳрвандон, тасарруфи маблағҳои хазина, талафи маблағҳои қарзӣ ва ғайра ошкор гардид. Ба гуфтаи ӯ, натиҷаи ниҳоии санҷишҳо нишон дод, ки вазъи нигоҳдори воситаҳои пулӣ дар хазинаҳои бонк, ҳуҷҷатгузорӣ ва ҳолатҳои қарздиҳӣ ба мизоҷон дар сохторҳои тобеи “Амонатбонк” комилан аз назорати раҳбарияти ин ниҳод берун мондааст. Ҷаноби Хайрзода афзуд, дар филиалҳои “Амонатбонк” дар шаҳру навоҳии кишвар зарари молиявиро дар ҳаҷми 31 миллиону 395 ҳазор сомонӣ ошкор намудаанд, ки ин аз ҳисоби камомади воситаҳои пулию молӣ, тасарруфи маблағҳои қарзӣ ва дигар хароҷотҳои ғайриқонунӣ ба миён омадааст.
Муовини раиси Оҷонсии зидди фасод қайд намуд, барои азхудкунии маблағҳо ва дигар қонуншиканиҳо нисбати 3 корманди “Амонатбонк” парвандаҳои ҷиноӣ боз намудаанд. Давлатбек Хайрзода таъки кард, “зарарҳои молиявии нисбатан калони ошкоргардида ба филиали №4-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе - 18 миллиону 940,4 ҳазор сомонӣ, филиали №67-и шаҳри Хоруғ - 4 миллиону 152,7 ҳазор сомонӣ, Раёсати “Амонатбонк”- 2 миллиону 612,3 ҳазор сомонӣ, филиали №70-и ноҳияи Мурғоб - 1 миллиону 82,3 ҳазор сомонӣ, филиали №3-и ноҳияи Синои пойтахт - 1 миллиону 60,5 ҳазор сомонӣ, филиали №20-и ноҳияи Тоҷикобод - 965,5 ҳазор сомонӣ, филиали №66-и Хоруғ - 625,1 ҳазор сомонӣ, филиали №11-и ноҳияи Лахш - 565,9 ҳазор сомонӣ, филиали №12-и ноҳияи Нуробод - 399 ҳазор сомонӣ, филиали № 46-и ноҳияи А. Ҷомӣ - 284,1 ҳазор сомонӣ рост меояд”.
Ӯ афзуд, барои барқарор намудани зарари молиявии расонидашуда тибқи талаботи қонун чараҳои зарурӣ меандешанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |