ВКД: Рамазон Раҳимзода ҳам дар наҷоти кӯдакон аз сел иштирок намуд

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, шоми дирӯз, 29 июл 11 нафар, ки дар дарёи Душанбе оббозӣ мекардаанд, миёни сел мондаанд.
Ба иттилои ин ниҳод, ин ҳодиса соати 19:30 дар наздикиҳои Комбинати гӯшт ба вуқӯъ пайваста, се нафар тавониста бо қувваи худ аз об берун шавад: “Боқимонда 8 нафари дигар, ки дар вазъияти хатарнок қарор доштанд, аз ҷониби кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон наҷот дода шуданд”.
Манбаъ меафзояд, Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилӣ ҳам ба ҷои ҳодиса омада, дар наҷот додани кӯдакон иштирок кардааст.
ВКД бо нашри ному насаби ин афрод гуфтааст, ҳамаи онҳо сокинони ноҳияи Фирдавсии пойтахт буда, аз 15 то 33-сола будаанд.
Ин ниҳод аз ҳамаи шаҳрвандон хоҳиш кардааст, фарзандони худро беназорат нагузоранд ва дар ҷойҳои мамнӯъшуда ба оббозӣ машғул нашаванд: “Дар ҳолати дучор гардидан ба ҳодисаҳои фавқулодда, табиӣ ва дигар ҳодисаҳои нохуш шаҳрвандон метавонанд ба воситаи телефони “Мадад 19-19” ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |