Насби дарвозаҳои назоратӣ дар масҷидҳои ҷомеъ

Маҳмуд Сангалиев, масъули Раёсати фатвои Маркази исломии Тоҷикистон мегӯяд, ба манзури ҷилавгири аз амалҳои номатлуб ва амнияти намозгузорон то 3 сентябри соли равон дар тамоми масҷидҳои ҷомеъ дарвозаҳои назоратӣ насб мешаванд.
Ҷаноби Сангалиев имрӯз, 29 июл аснои суханронии қабл аз шурӯи намози ҷумъа дар Масҷиди марказӣ гуфт, ин тасмим дар пайи як ҷаласа бо ҳузури олимон гирифта шудааст. Ӯ афзуд, “имрӯз инсонҳоро шинохта намешавад, боз маводе надароранд”.
Масъули Раёсати фатвои Маркази исломии Тоҷикистон бо ишора ба ҳаводиси ахири Туркия гуфт: “Бубинед, вазири мудофиаи Туркия хеста ҳамин корро кардааст. Имрӯз ҳеч касро шинохта намешавад, чунки муҳаббати дунё имони марди мусалмонро шикоф кардааст, мусалмонро аз Ислом дур кардааст”.
Маҳмуд Сангалиев дар идома аз амалкарди мардуми Туркия ситоиш кард, ки дар пайи шурӯи кудето “гирди раҳбари давлаташон ҷамъ шуданд”. Вай авзуд, “ҳама мардуми авом буданд, ватандӯст буданд, мардуме буданд, ки намехостанд ба хуну хок кашида шаванд”.
Ин масъули Раёсати фатво эҳтиёткориро ягона роҳи дуруст шумурда гуфт, ин роҳе аст, ки инсон аз худаш дифоъ мекунад.
Ӯ ба нооромиҳои ҷаҳони Ислом ва тақсимоти он ба равияҳои гуногун дахл карда, онро “кори дасти яҳудон” гуфт: “Имрӯз дар ҷаҳон ягон давлати куфр бо куфр ҷанг надорад, фақат ҳама нишастааст мусалмонро нигоҳ дорад ва дар ин ҷангҳо ҳама ҷавонону мардуми мусалмон қурбон мешаванд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |