Дар кори ҷаласа дар радифи дигар масъулини шаҳрдорӣ директори Агентии сохтмон ва меъмории назди ҳукумат А. Комилов ширкат варзид. Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷўҳи масъулинро ба суръатбахшии такмили лоиҳаи иншооти сохтмони беморхонаи бисёрсоҳавии муосири шаҳрии дорои 650 кат барои маризон ва дармонгоҳ барои қабули 800 нафар дармонталаб бо инобати пешбинӣ намудани осоишгоҳи муосири барқарорсозии саломатӣ, ки ба талаботи пойтахт ҷавобгўву бо технологияҳои истеҳсоли охирини тиббӣ муҷаҳҳазбуда, воқеъ дар кўчаи Н. Қарабоев нигаронида, муқарар сохт, ки дар мўҳлатҳои кўтоҳтарин аз ҷониби пажўҳишгоҳҳои лоиҳакашӣ таҳти роҳбарии Агентии сохтмон ва меъморӣ бо ҷалби институтҳои шаҳрвандӣ он бо такмил додан, унвонии раиси шахри Душанбе пешниҳод карда шавад.
Бо мақсади ҳадафманд ва ҷавобгўи ниёзҳои ҷомеа ва нақшаи генералии шаҳри Душанбе тарҳрезию мавриди татбиқ қарор додани лоиҳаҳои сохтмони иншооти аз ҳисоби буҷети шаҳр бунёшаванда муқаррар сохт, ки минбаъд дилхоҳ лоиҳа дар шаҳр тариқи озмуни кушод интихоб гардида, дастрасии субъектҳои лоиҳакашӣ ба амалисозии потенсиали меъморӣ васеъ карда шавад. Дар ин росто таъкид кард, ки нахуст барои интихоби лоиҳаҳои таҷдиди меъмории қисмати марказии шаҳр озмун эълон карда шавад ва таҳиягарони лоиҳаҳо сохтмони ҳаар гуна иншоотро бо инобати таҷассуми арзишҳои миллию муосири меъморӣ тарҳрезӣ намоянд.
Манбаъ афзуд, дар ҷаласа инчунин баҳри тақвияти корҳои ободонӣ ва дар ҳолати хуб нигаҳдорию мавриди истифодаи сокинон ва меҳмонони шаҳр қарор додани боғҳои шаҳрӣ як идда тағйироти кадрӣ аз ҷониби раиси шаҳр сурат гирифт. Зимнан, Сайфиддин Шарипов- директори муассисаи давлатии «Нигаҳдорӣ ва истифодабарӣ»-и зертобеи сарраёсати ободонии шаҳри Душанбе аз вазифаи ишғолнамудааш сабукдўш гардида, ба ҷои ў Набот Авезов таъин гардид. Бино ба сабаби таҷдиди сохтор шудани муассисаи давлатии «Наврўзгоҳи пойтахт» Абдусаттор Холов ба вазифаи директор ва Аъзамқул Эшонқулов ба ҳайси муовини ў таъин карда шуд.
Мӯҳр« Феврал 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | |||||
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 |