Ҳукумат маблағгузории “Роғун”-ро кам мекунад

Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯяд, соли 2017 барои нерӯгоҳи “Роғун” 1,3 миллиард сомонӣ ҷудо мешавад, ки нисбати нишондоди соли равон садҳо миллион сомонӣ камтар мебошад.
Абдусалом Қурбониён, вазири молияи Тоҷикистон имрӯз, 29-уми июл далели коҳиши маблағгузориро нагуфт, аммо изҳор дошт, ки дар назар аст моҳҳои октябр-ноябри соли равон маҷрои дарёи Вахш баста шавад. Дар назар аст, ки дар пайи тағйири маҷрои дарёи Вахш сохтмони марҳилаи аввали сарбанди Роғун оғоз гардад.
Қаблан иттилоъ дода шуд, ки соли равон аз буҷа барои нерӯгоҳи “Роғун” наздики 2 миллиард сомонӣ, соли 2015 – 1,6 миллиард сомонӣ ва соли 2014-1,34 миллиард сомонӣ ҷудо гардидааст.
Аввали моҳи равон миёни Тоҷикистон ва «Салини Импреҷило» доир ба лоиҳакашӣ, харид ва сохтмони иншооти НБО “Роғун” ба маблағи 3,9 миллиард доллари ИМА шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
Нерӯгоҳи барқии обии Роғун, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон онро масъалаи “ҳаёту мамоти” кишвар хондааст, дар сурати бунёд бо иқтидори 3600 мегават ва садди 335 метрӣ, бузургтарин нерӯгоҳ дар Осиёи Марказӣ хоҳад шуд ва Тоҷикистонро аз як кишвари муҳтоҷи нерӯи барқ ба содиркунандаи он табдил хоҳад дод. Давлати Тоҷикистон борҳо таъкид кардааст, ки иддаои зарари "Роғун" асосе надоранд, зеро об дар садди нерӯгоҳ ба тадриҷ ва дар муддати бештар аз як даҳсола ҷамъ гардида, ба манфиати ҳамаи кишварҳои минтақа истифода хоҳад буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |