Мақоми 3-юми Тоҷикистон дар бозиҳои ҷашнии исмоилиён дар Дубай (АКСУ ВИДЕО)
Мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 192 варзишгар дар бозиҳои ҷашнии исмоилиёни ҷаҳон, ки имрӯз, 29-уми июл дар Дубай анҷом меёбанд, мақоми сеюмро ишғол кард.
Ин бозиҳо дар арафаи 60-солагии ба тахт нишастани раҳбари руҳонии исмоилиёни ҷаҳон -- шоҳзода Оқохони IV баргузор гардида, дар он наздики 2 ҳазор варзишгар аз 20 кишвари ҷаҳон иштирок карданд. Солмандтарин намояндаи Тоҷикистон дар ин бозиҳо Рамазон Рамазонови 74-сола мебошад, ки дар намуди давидан ба масофаи 5 километр иштирок дошт.
Мунтахаби Тоҷикистон то ин лаҳза бо касби 26 медал - 10 тилло, 10 нуқра ва 6 биринҷӣ дар мақоми сеюм қарор дорад.
Дар ҷойи аввал Канада бо 60 нишон (20 тилло, 21 нуқра ва 19 биринҷӣ) ва дар зинаи дуввум Покистон бо 42 медал (17, 14, 11) мақом доранд.
Маросими ҷамъбасти ин бозиҳоро метавонед соати 15:45 дақиқа бо вақти Душанбе мустақиман дар ПАЙВАНДИ ЗЕРИН тамошо кунед. Аксҳо аз шабакаҳои иҷтимоӣ
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |