Ҳалокати ронандаи мотосикл ва писарчаи ноболиғ дар пайи садамаи нақлиётӣ
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҳалокати ду нафар дар садамаҳои нақлиётии рӯзи 28 июл хабар медиҳад.
Ба иттилои ин ниҳод, рӯзи гузашта сокини 22-солаи ноҳияи Панҷ, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Нури Ваҳдат ба самти деҳаи Сари ҷангали ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи мототсикл набаромада, ба дарахт бармехӯрад: “Дар натиҷа ронанда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”.
Манбаъ мегӯяд, дар ин рӯз, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, марди 26-солаи сокини ноҳияи Восеъ, “ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Темурмалик ба самти ноҳияи Восеъ аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, пиёдагарди хурдсол, писарбачаи 2-солаи сокини ноҳияи Восеъро пахш намудааст”. Дар натиҷа хурдсол, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |