Бахшҳо

Оҷонсӣ: Судяе, ки 111 ҳазор $ пора гирифт, саратон дорад

Давлатбек Хайрзода, ноиби раиси Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон мегӯяд, Искандар Саидзода, додраси додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ, ки бо иттиҳоми гирифтани 111 ҳазор доллар пора боздошт гардиду баъдан раҳо шуд, бемории саратон дорад.

Хайрзода имрӯз, 29-уми июл зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, Саидзода зарари расондаашро пурра пардохт кардааст ва бо навиштани забонхат аз боздошт раҳо шудааст. Ноиби раиси Оҷонсӣ афзуд, ки инчунин ин нафар мубталои бемории онкологӣ будааст ва раҳоияш аз боздошт дар доираи қонун мебошад. Хайрзода таъкид кард, ки тафтиши парвандаи ҷиноӣ алайҳи Саидзода идома дорад.

Ахиран Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон дар посух ба суоли “Озодагон” тасдиқ кард, ки Саидзода бо имзои забонхат, ки аз макони зисташ берун намеравад, аз боздошт раҳо шуд. Раиси додгоҳ гуфт, раҳоии муттаҳам дар салоҳияти мақомоти тафтишотӣ аст ва агар муътақид бошанд, ки гумонбар намегурезаду ба бозпурсиҳо ҳозир мешавад, ӯро раҳо мекунанд: “Тафтиши парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ аз ҷониби мақомоти зидди коррупсия идома дорад, вале гунаҳкорӣ ё бегуноҳиро мақомоти судӣ ҳал мекунанд”.

Моҳи июн Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон ҷузъиёти боздошти Искандар Саидзода, додраси додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ, бо иттиҳоми порагирӣ дар ҳаҷми 111 ҳазор доллари амрикоиро ифшо карда буд.

Ба иттилои Оҷонсии зидди фасод Саидзода ба ивази пора ба шаҳрвандон “А” ва “Б”, ки Оҷонсии зидди фасод онҳоро дар қаллобӣ муттаҳам кард, ваъдаи пуштибонӣ додааст: “Баҳори соли равон Саидзода барои пуштибонӣ аз судшавандагон "А" ва "Б" аввал 7000 доллари амрикоӣ ва сипас зери таҳдиди таъини ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ 50 000 доллари амрикоиро гирифта, 19 майи соли 2016 бо ҳукми суди ноҳияи Рӯдакӣ нисбати судшавандагон "А" ва "Б" ҷазои ғайриҳабсӣ, яъне ҷарима татбиқ кард”.

Оҷонсии зидди фасод мегӯяд, Саидзода кирдори ҷиноияшро идома дода, дар доираи парвандаи дигар аз шаҳрвандон "А" ва "Б" боз 50 ҳазор доллари амрикоии дигарро талаб кардааст: “17-уми июни соли равон тахминан соати 17 Саидзода пас аз гирифтани 50 ҳазор доллари амрикоӣ дастгир шуд”. Оҷонсии зидди фасод ин қазияро тариқи телевизионҳо низ намоиш дод, аммо Саидзода баъди чанд рӯзи боздошт дубора раҳо гардидааст.
Мӯҳр
Окибати кор дигар маълумаст. И мардак озод меша, хулосаи суду тафтишот дигар лозим нест! Шояд баъд аз чанде вазифахам гирад!!!! касалии анкологи доштааст. Ха Ха Ха Ха хандаовар. Рангу руи ура бин, ягон нухс надора!

Самира
Агар он 110 хазор доллар ба бучет равад, хазорон нафар нафака гирифта метавонанд.

ира биин..Бавлаткезодада охи усуш. Саратон дорад кавристон дорад бояд хабс шавад. Хамон сахначаи гарибшо ба хотирам зад. Ташрифа дузди карда ба шуъбача меёранд навбатдор Бахтиёр мепурсад чинояткоро вале чинояткор ташриф гиря мекунад ку. Калучхояшро дар гарав мегузорад мегуяд гишнаам жилудкам куркур мекунад....Дар охир рахми бахтиёр меояд сахт ва боалам мегирЯД. Дар охир чавобаш медихад бад. Зайд саидхам бемори дорад. Инвалид аст. Махбасо хама пур аз бегунохону дигарандешон аст инхо чинояткорора воля дода гаштиянд.

Правда
Эхххх агар ягон бехешутабору камбагал мешум умрбод турмааш мекардед

Саидчон аз Ёкутистон
Бечора маълум хаст,ки хамин мардака маззааш нест. Ранг дар руяш нест....ай хандара кштенмееееее

Чамъкардагиашро гирифта озодаш кардед.

Шогирди Бокерия.
Хандаовар!Мумкин дорои ин касали бошад,лекин ин хел бесаводона хулосаи худро беасос ба хонандагону мардум пешниход кардан ,бесаводии афсари баландмакоми очонсии давлатиро ифода месозад!Хулосахо ва далелхои тиббиро хам гуфтан даркор аст.Кадом клиника,е бемлрхона,бо имзои кихо,кадом духтур е духтурон инро муайчн кардаанд,ки ин судяи порагир саратон дорад?Е боз пора додаву хулосахои тиббиро бо имзои доктор "Айболит" оварданд?

Муаллим
Директори коледжи тиббии ш.Кулоб хам ба касалии саратон мубтало будааст, дар вакти пора гирифтан аз тарафи кормандони ожонсии зидди коррупсия дастгир гардида буд, лекин баьди чанд соат озод шуд. Ягон муаллим е духтур агар ба даст меафтид ба мухлати 10 сол ва мусодираи молу мулк ба анчом мерасид. Ана адолат.

Левен
...ранги саратонайее

МУВОФИКИ КОНУН ЧАВОБ ДОДАН КАНИ ЗАЙДРО ХАМ ЧАВОБ ДИХЕД ЧАВОБ ДИХЕЕЕЕЕЕЕД. ХАМИН СУДЯ СЕ ЧОР ЗАН ДОРА ЯК БИСАНЧЕЕЕДАААА...

Нои
Да..., дожили.
Шармандагӣ.

Одами инвалидро якдастаро ба мудати тулони махкум карданд, аммо судя бемори доштааст. Агар у саратон дошта бошад яъне медонад ки умри у кам мондааст ва аз худо натарсида боз пул мегирад. Ин сабсата аст ва уро мехоханд озод намоянд. Ин маънои онро дорад, ки против лома нету прёма.

хайри
суратхисобашро пешниходи мардуми саховатмад намоед бакадри кофи ери расонанд бечорая мазаш нест рангаш зард дар фикри табобат

бекор
кчои ин касалаи бука баринаи хахаха.....

Ёкуб
Аккалан як нафар комменти дилсузонаро пешниход накард. Хама ба худ милисаю прокурору суд шуданд.
Агар хамин одам ягон хешу табори наздикатон мебуд. Ман 100% бовар доштам, ки ин гапотона наменавистед. Ё хомуш меистоден ё химоят мекарденша.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)