Бахшҳо
29 июл 2016 09:07Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Вазир дар бораи бонкҳои Алимардону Пирзода: Ба ҷои бонкдорӣ хонасозиҳо кардаанд...

Абдусалом Қурбониён, вазири молияи Тоҷикистон, мегӯяд, бонкдорҳои тоҷик агар танҳо ба фаъолияти бонкӣ машғул мешуданд, имкон доштанд худро аз буҳрон наҷот диҳанду ба вазъи мушкили феълӣ дучор нагарданд.

Ҷаноби Қурбониён имрӯз, 29 июл зимни нишасти хабарӣ дар посух ба суол дар бораи вазъи “Тоҷиксодиротбонк”, таҳти роҳбарии Тоҷиддин Пирзода ва “Агроинвестбонк”, таҳти роҳбарии Муродалӣ Алимардон гуфт, раёсати ин бонкҳо имкон доштанд ва метавонистанд худро аз буҳрон наҷот диҳанд.

Вазири молия дар бораи бонкҳои Пирзодаю Алимардон бо таассуф изҳор дошт, ки “мутаасифона ҳамаашон ба фаъолиятҳои ғайрибонкӣ, аз ҷумла сохтмони манзил, заводу фабрика даст заданд”. Вазири молия изҳори боварӣ намуд, ки агар бонкдорҳои кишвар танҳо ба фаъолияти бонкӣ машғул мешуданд, ба вазъи феълии буҳронӣ дучор намегардиданд. Қурбониён гуфт дар сурати менеҷменти хуб имкон дорад, ҳар корхона аз вазъи мушкил раҳо карда шавад.

Изҳороти вазири молия дар ҳолест, ки ду бонки бузурги кишвар-“Агроинвестбонк”-у “Тоҷиксодиротбонк” дар иҷрои уҳдадориҳояшон дар назди мизоҷон ба мушкилиҳо дучор шуданд. Бонки Миллӣ барои наҷоти “Тоҷиксодиротбонк” аз муфлисшавӣ ба ин бонк маъмурияти муваққатӣ равон кардааст.
Мӯҳр
Ҳоҷӣ
Алимардонибалогарлон ин дафъа балоро баргардонида натавонист гуед...

карзорн
ду бонк мемонад, шояд амонатбонк хам дигар даркор нашавад)))

насфи бад балои чон.

Сухроб
Маъмурияти мувакаташ боз чзе гап? Аз ухдаи бонкдорй набаромад сабукдуш бояд шавад. Ягон камбагали дигар боз пул чамъ кунад-де!

Иқтисодчи
Айби касон мангару эҳсони хеш,
Дида фурукун ба гиребони хеш....
Вазъи нодуруст идоракунии бонкҳо маълум.
Лекин сатҳи дуруст ба роҳ мондани идоракунии молияи давлатиро ки бояд нигоҳ дорад. Албатта ки..........???

Дарвеш
Сабаби рушд накардани иктисодиети Точикистон нафарони ба монанди Алимардоновхо мебошанд. Алимардонов бояд пурра аз рохбари дур карда шуда чавонони технократ биеянд.

Ин хама аз бесаводи ва бе назоратии давлату хукумат мебошад. Дар баробари баромадхои вазиромон аз суханронихои тарсону ларзоншон маълум аст охир ки хама горатгар астанд. Адолат нест!

Рахмат ба шумо мухтарам вазир ки гапи хака гуфтед. Алимардонов хеч гох сер намешудааст. Холо мо аз агроинвестбонк аз руи баднафсии Алимардонов пулхоямонро наметавонем гирифта чунки бонк пул надорад. Бояд Алимардоновро тафтиш карда аз хисоби бойгариаш вазъияти бонкро ба эътидол овард.

Тавбагӯй
Тавба, тавба....
Ҳамин вазир пештар дар чӣ кор будаанд?
Наход, вазир шуд, то ин дараҷа фаҳмиши молиявию иқтисодӣ дошта бошанд, а?
Бонк ва банкир ҳақ дорад куҷое хоҳад, сармоягузорӣ кунад.
Тақсими риск ва сарчашмаҳои даромад гуфтанӣ чизҳо ҳаст, вазири муҳтарам. Аз суханҳояш маълум, ки ин одам аз системаи пулу молия дур аст.
Озодагон, автобиографияи ҳамин фазирро мегузоштед хуб мешуд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)