Ҳушдори КҲФ аз борон, шамол ва селу обхезӣ
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандии Тоҷикистон аз ҳавои номусоид давоми се рӯзи оянда ҳушдор дод.
Умеда Юсупова, масъули маркази матбуоти Кумита ба “Озодагон” гуфт, аз 28 то 31-уми июл дар кишвар борон ва шамоли сахт дар назар аст: “Дар минтақаҳои кӯҳӣ хатари омадани сел, инчунин баланд шудани сатҳи оби дарёҳо дар назар аст. Дар натиҷаи вазидани шамол, ки суръаташ то 15-20 метр дар як сония хоҳад расид, хатари канда шудани хатҳои интиқоли барқ, решакан гардидани дарахтон ва афтидани овезаҳо мавҷуд аст”.
Бо зикри ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар даъват намудааст, ки аз эҳтиёт кор бигиранд: “Дар ин рӯзҳо барои бехатарӣ ҳангоми берун шудан аз манзилҳо тирезаҳои хонаҳоро баста, мошинҳои худро дар “гараж” нигоҳ доред. Дар сурати набудани “гараж” ҳадди ақал автомашинаро дар зери дарахтон нагузоред”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |