Нигаронии Президент аз нашъаҷаллобӣ ва ифротгароӣ дар Ҳамадонӣ
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 27-уми июл дар мулоқот бо фаъолону роҳбарони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ баробари масоили иҷтимоию иқтисодӣ ба шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ дахл кард.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо зикри вазъи бозорҳои ҷаҳонӣ, торафт боло рафтани нархи маҳсулоти озуқа, инчунин хушксолиҳои пайдарпай сокинони кишварро сарфаву сариштакорӣ даъват намудааст. Ӯ падару модарон, шахсони обрӯманду рӯзгордида, фаъолон ва аҳли зиёро вазифадор кардааст, ки ба масъалаи тарбияи дурусти фарзандон ва пешгирӣ кардани паҳншавии мафкураву фарҳанги бегона дар байни мардум, хусусан, миёни наврасону ҷавонон бисёр ҷиддӣ муносибат кунанд.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки солҳои охир сатҳи ҷинояткорӣ дар ноҳияи Ҳамадонӣ боло рафта истодааст: “Дар муддати даҳ соли охир аз тарафи сокинони ноҳия 1645 ҷиноят, аз ҷумла 452 ҷинояти вазнин содир шудааст, ки чунин вазъ боиси ташвишу нигаронии ҷиддӣ мебошад. Танҳо дар давраи солҳои 2011 - 2015 ва нимаи аввали соли ҷорӣ дар ноҳия 178 ҷинояти вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба қайд гирифта шуда, 4 тоннаву 756 килограмм моддаҳои нашъаовар, аз ҷумла қариб 600 килограмм героин мусодира гардидааст ва 121 нафар бо гуноҳи даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир карда шудааст”.
Масъалаи дигаре, ки мояи нигаронии раисиҷумҳур шудааст, афзоиши шумораи ҷавононе мебошад, ки ба гурӯҳу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ шомил шуда, дар задухӯрдҳои мусаллаҳона дар қаламрави давлатҳои дигар иштирок доранд. Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, “чунин ҷавонони гумроҳшуда дарк намекунанд, ки ҳаракатҳои ба ном исломӣ дини мубини исломро ҳамчун парчам ё ниқоб истифода мекунанд, вале дар асл боиси бадномии ин дини муқаддас ва бадбахтии миллионҳо нафар одамони бегуноҳ шуда истодаанд”.
Раисиҷумҳур иттилоъ додааст, ки то имрӯз аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбат ба 22 сокини Ҳамадонӣ барои иштирок дар задухӯрдҳои мусаллаҳона дар давлатҳои хориҷӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, 2 нафар дар ҷангҳо кушта шудаанд: “Тибқи маълумот ҳоло 2 оила иборат аз 12 нафар бо мақсади иштирок дар ҷанг ба Сурия сафар кардааст”.
Эмомалӣ Раҳмон дар хитоб ба сокинони наздимарзӣ афзудааст, ки вазъи ҷаҳони муосир ба ҳамаи сокинони Тоҷикистон ва хусусан, ба ҳар кадоми шумо, ки дар минтақаи сарҳадӣ зиндагӣ мекунед, мисли ойина равшан аст: “Фаромӯш набояд кард, ки оромии Ватан, ободии диёр, суботи ҷомеа ва пешрафти давлат аз заҳмати софдилона, ҳушёрии ҳар як фарди сарзамин, алалхусус, сокинони ноҳияҳои сарҳадӣ дар бобати ҳамкорӣ бо сохтору мақомоти давлатӣ доир ба ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ, мубориза бо сарҳадшиканон ва қочоқбарон вобаста мебошад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |