Вазир: То СММ фаҳмондем, ки адвокатура дар Тоҷикистон мустақил аст
Рустам Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон мегӯяд, иддаоҳо дар мавриди пойбанди Вазорати адлия будани адвокатура беасосанд ва ин ниҳод дар кишвар мустақил аст.
Ҷаноби Шоҳмурод имрӯз, 27 июл дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, ҳоло дар талоши собит кардани мустақилияти адвокатура ба Созмони миллали муттаҳиданд. Ӯ гуфт, Вазорати адлия ҳуқуқи масъалагузорӣ дар мавриди гирифтани мақоми адвокатиро надорад ва худи Иттифоқи адвокатура баъди шунидани тамоми арзу шикоят нисбати адвокат, ин масъаларо баррасӣ ва ба комиссия пешниҳод мекунад: “Комиссияе, ки дар назди вазорат ташкил шудаасту аз 9 нафар иборат аст, чунин ҳуқуқро дорад. Аз 9 нафар аъзои ин комиссия 5 нафарашон адвокат, 2 нафар аз Вазорати адлия, 1 нафар аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва 1 нафар аз намояндагони судҳои ҷумҳурӣ ҳастанд. Мо то Созмони миллали муттаҳид фаҳмонида истодаем, ки ниҳоди адвокатура ниҳоди мустақил аст ва Вазорати адлия нисбати он ягон ваколати маъмурӣ надорад”.
Вазири адлия таъкид намуд, ки вазифаи онҳо ташкил ва муҳайё сохтани шароит барои гузаронидани имтиҳони тахассусӣ, баҳисобгирии адвокатҳо ва додани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба адвокатҳо мебошад. Иддаои Вазири адлия аз мустақил будани фаъолияти адвокатҳо дар ҳолест, ки баъди ташкили имтиҳони тахассусии адвокатҳо дар назди ин ниҳод, сару садоҳе баланд шуд, ки ин тасмим мустақилияти адвокатҳоро зери суол мебарад.
Ба қавли Рустам Шоҳмурод, дар доираи имтиҳони тахассусии адвокатҳо, тайи 6 моҳаи аввали соли равон 639 аризаи довталабон барои соҳиб шудани мақоми адвокатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Вазир мегӯяд, аз ин шумора 505 довталаб мақоми адвокатиро соҳиб шуда, ба 123 нафар бино бар насупоридани имтиҳони тестӣ, додани мақоми адвокат рад карда шуд. Ба гуфтаи вазири адлия 11 нафар бино бар мувофиқ набудан ба талаботи моддаи 12-и қонун “Дар бораи адвокатура” ва фаъолияти адвокатӣ ба имтиҳони тахассусӣ роҳ дода нашуданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |