Дастгоҳи Президент: Афвро махфӣ нигоҳ медорем, то сӯиистифода нашавад
Дастгоҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон дар шарҳи овозаҳо дар бораи авфи "тиллоӣ" ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ гуфт, ин масъала бояд махфӣ нигоҳ дошта шавад.
Барно Саидзода, намояндаи дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 27-уми июл зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, масъалаи афв бояд махфӣ нигоҳ дошта шавад, то афроди алоҳида аз он сӯиистифода накунанд. Ба гуфтаи Саидзода дар бархе ҳолатҳо вақте афв пешакӣ эълон мешавад, афроди алоҳида аз он сӯиистифода мекунанд: “Афв мешавам, гуфта даст ба ҷиноят мезананд”.
Саидзода таъкид намуд, ки то содир шудани қарори расмии раисиҷумҳур дар ин бора бояд масъалаи афв махфӣ бошад.
Вазорати адлияи Тоҷикистон расман эълон кард, ки то ҳол ҳеч санаде дар бораи эълони афв ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлолиятро дастрас накардааст. Ба иттилои ин ниҳод дар маҳбасҳои кишвар ҳудуди 12 ҳазор маҳбус нигоҳдорӣ мешаванд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |