Бахшҳо
27 июл 2016 09:21Тоҷикистон / Сиёсат

Э.Раҳмон мактаберо, ки бо 2 миллиону 350 ҳазор $-и Бонки Исломии Рушд бунёд шуд, ифтитоҳ кард

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷараёни сафараш ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар ҷамоати деҳоти Қаҳрамон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12-ро, ки барои 624 хонанда дар як баст нигаронида шудааст, ифтитоҳ намуд.

Дафтари матбуоти Президент хабар медиҳад, корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот моҳи июни соли 2015 оғоз гардида буд: “Мактаби нав дар паҳлӯи бинои пешинаи муассисаи таълимӣ сохта шудааст. Тибқи дастури Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон собиқ бинои мактаб баъди таъмиру тармим ҳамчун боғчаи бачагона истифода карда мешавад, ки ин ҳам як ғамхории Сарвари давлат нисбат ба насли оянда мебошад”.

Ба иттилои манбаъ, ин мактаб аз ҷониби сохтмончиёни ширкати “Ҳамсафар” бо 2 миллиону 350 ҳазор доллар маблағи Бонки Исломии Рушд бунёд шудааст: “Илова ба маблағи сохтмони мактаб баҳри таъмини таҷҳизоти хониш ва дигар ашёҳои лозима, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 2 миллион сомонӣ маблағ ҷудо кардааст. Мактаб ҳамчунин бо 20 адад компютер ва 10 адад принтер таъмин гардидааст”.

Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз, 27 июл ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон рафт. Боздиди ӯро дафтари матбуоти Президент сафари корӣ унвон кардааст.
Мӯҳр
хонандаи мактаб
Бо пули дигарон бо сармояи дигарон ва дигарон бунёд мекунанд у меравад лента мебурад

Чи? 2 млн? ЧИ ИН МАКТАБ АЗ МРАМОРУ САНГИ БАДАХШОНИ ТАЙЕР ШУДААСТ? БО 2 МЛН ШАХР МЕСОЗИ!! ЯК НАЗАР КУНЕД БА НОХИЯ РАШТ БАЪД АЗ ЗАМИНЛАРЗИ ЯГОНКАСРО ЕРДАМ ДОДАН? ОДАМОН ДАР КУЧА ХОБАНД!!! ИН ХОЛО КИ ТОБИСТОН АСТ!!! ДАР ХУНУКИХО ЧИ КАРД?

Гунги тутала.
Зайд,
Ай хурсандира адади долларро хато навиштаанд,ду миллион сомони будагист.Ин журналистхои "Озодагон" бечорахо гушна мондаанд,чи?

Фарахнуш
Наход бо маблаги 2 млн??? Боз барои 624 хонанда. Хеле хандаовар. Акаллан хамон оморро дурусттар муаррифи кунед. Мумкин 30 фисади ин мадлагро сарф карда бошанд. Бо ин маблаг якчанд мактаб кушодан мумкин.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)