Бахшҳо
26 июл 2016 15:03Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Агентии ҷангал: Камбуди гургҳо бузҳоро ба дарди шуш мубтало мекунад

Агентии хоҷагии ҷангали Тоҷикистон дар шарҳи афзоиши ҳамлаи гургон ба чорво, махсусан дар ВМКБ гуфт, ба кишвар 23 гурги муғулистонӣ ворид шудаанд.

Убайдулло Акрамов, муовини директори Муассисаи давлатии ҳудудҳои махсус муҳофизатшавандаи Агентӣ имрӯз, 26 июл дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, аз соли 2013 инҷониб 23 гурги муғулистонӣ аз Қирғизистон ба Тоҷикистон омадаанд: “Мушоҳидаҳо нишон дод, ки дар ҳоли ҳозир дар Қирғизистон гӯсфанди помирии Архар ва бузи сибирӣ аз байн рафтааст ва дар натиҷа қисми зиёди гургони муғулистонӣ ба Тоҷикистон кӯч баста истодаанд”.

Ба гуфтаи ӯ бо вуҷуди кӯч бастани гургони бегона дар Тоҷикистон камбуди гургҳо ҷой дорад.

Ба иттилои Акрамов айни ҳол дар Парки миллии Тоҷикистон 500 гург мавҷуданд, ки аз меъёри экологӣ 161 адад кам мебошад: "Бештари гургон аз наёфтани ғизо аз як минтақа ба минтақаи дигар кӯч мебанданд”.

Акрамов камбуди гургҳоро зараровар хонда, мисол овард, ки соли 2011 дар пайи куштори зиёди гургҳо дар ноҳияи Шӯрообод зиёда аз 6 ҳазор чорво ва 74 ҳайвони нодир фавтиданд: “Соли 2011 вақте гургон тариқи сарҳади Афғонистон ба Тоҷикистон меомаданд, мардум онҳоро мекуштанд ва ин боиси ба бемории шуш гирифтор шудани чорво гардид. Ҳарорати бадани бузҳои хонагӣ баланд мешуд ва дар вақти нӯшидани об шуши онҳо аз кор монда, мефавтиданд”.

Акрамов хусусияти хуби гургҳоро дар он гуфт, ки ба воситаи муйлабчаҳояшон ҳайвонҳои беморро ҳис карда, онҳоро мехӯранд: “Гург тамоми ҳайвонҳоеро, ки ба касалиҳои сирояткунанда гирифтор мешаванд, нобуд мекунад. Гургҳои маҳаллӣ ба мо зарар намерасонанд, аммо гургҳои кӯчбаста ҳамла мекунанд, ҳатто агар шахс дар даст яроқ дошта бошад”.

Ба иттилои Акрамов феълан дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бо иҷозати Кумитаи ҳифзи муҳити зист барномае амалӣ шуда истодааст, ки дар доираи он зимистони соли 2015-2016 зиёда аз 12 гурги муғулистонӣ безарар гардонда шуданд: “Бидуни иҷозати Кумитаи ҳифзи муҳити зист мо гургҳоро парондан наметавонем. Зеро ҳар чизе, ки аз табиат гирифта мешавад бояд асоси илмӣ дошта бошад”.
Мӯҳр
Доктор айболот
Яьне дарди дилу кисаи мансабадорон ин набудани сохибкорхо ?

1)Аз кишварх,ои бародари Афгонистон, Узбакистон, Киргизистон ва ба хусус Чин хохиш карда шавад, ки харчи бештар гургхояшонро, ки шароити махалли муносибанд ба Точикистон бифиристанд. 2) Гургхои угулистони ба ухди мугулистон ва ё Киргизистон баргардонида шаванд. 3) Барои он ки гургхои муносиб бо шароити иклими Точикистон дубора гурехта ба кишвархои зодгохашон нараванд, аз хисоби рамахои хусуси, ба хусус рамаи Муродали Алимардон барои онхо гизо тахия карда шавад. 3) Убайдулло Акрамов дусти бех,тарини гургх,о эълом карда шавад. 4) Сокинони Шурообод барои махви гургхо ч,арима карда шаванд.

Солехбой
Ман намедонам, агар ин гургхо бемалол сархадро гузаранд, марзбонон кучоро нигох мекунанд? Агар гургро капида натонанд, кочокбаронро чй хел мекапида бошанд?!

А. Рустам,
хахахаа бехтарин вокуниш )))

Дар тамомии хаёт чунин сафсатаро нафахмида будам!!!!
Ин профессорои мо аз хад зиёт фахмиш доштиянду мо бехабар.
Сер будани малаха инхо медонанд фоиданокии гургора инхо медонанд. Шумораву муйлабхои гургро инхо омухтаанд. Э офарин.
Нав фахмидем,ки агар гурга куши молхо касал мешаванд.
Камтари дигар тадкикот нагузаронидед шояд сабаби бемории молхои мардум аз хад зиёд ошики гургхо гаштаанд ва марги гургхо дигар хайвонотро ба бемори оварда мерасонад.
Хар оина инчо ишки поки хиндуёна дида мешавад байни гургхо ва чорвохои марум.

Farukh az Olmon
Убайдулло ки аз дехаи Гургон аст, гургора дастгири мекунад. Як дусти дигар дорем аз Кавги Рез хар сол дар Файза бод кавг намемона...:-)

Салмон
Гург безарар гардонида шуд! Охир ҳамин калимаи безарарро телевизионҳои ҷумҳурӣ доим беҷо истифода мекунанд, кофӣ набуд, ки Озодагон ҳам ба безараркунӣ гузашт? Каме фикри забону истифодаи баҷои калимаҳро кунед!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)