Бахшҳо

ВКД: Ахмедова ба гумшавии Сабинаю Малика рабт надорад

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, қазияи кӯдакрабоӣ дар маркази Душанбе дар заминаи хусумати шахсии зани муттаҳам бо модари ноболиғ сурат гирифтааст.

Ҷалолиддини Садриддин, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон зуҳри имрӯз, 26-уми июл дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, тибқи тафтишоти пешакӣ Матлуба Ахмедоваи 48-сола, муттаҳам дар рабудани духтарчаи 7-сола бо модари ин ноболиғ хусумати шахсӣ доштааст. Ба гуфтаи Ҷалолиддини Садриддин, Ахмедова хостааст, тариқи гаравгон гирифтани духтари ноболиғ аз модараш пулу санадҳоеро, ки гӯиё дуздидааст, бозпас гирад. Ахмедова қаблан бо модари духтарча дар толори маҳсгарӣ кор мекардааст ва вақте моҳи июни соли равон “сейф” бо пулу санадҳо гум мешавад, Ахмедова модари ноболиғро гунаҳкор кардааст. Ӯ ба ҳамин восита хостааст, амволи гумшударо бозпас гардонад.

Сухангӯи ВКД афзуд, феълан дақиқ шудааст, ки Ахмедова ба гумшавии Сабинаву Малика Араловаҳо ва Осия Диловароварабте надорад. Ӯ аз ифшои ҷузъиёти бештари ҳодиса худдорӣ карда, изҳор дошт, ки феълан таҳқиқот идома дорад. Қаблан гуфта мешуд, ин фарзия ҳам вуҷуд дорад, ки Сабинаву Малика ва Осия аз сӯи гуруҳи хонум Ахмедова дуздида шудаанд. Сабина ва Малика 25 марти соли 2013 нопадид шуда, ҳанӯз ёфт нашудаанд. Осияи панҷсола 8 августи соли 2014 бедарак шуд ва ҷасади ӯро баъдтар аз ноҳияи Ҳисор пайдо карданд.

Матлуба Ахмедоваи 48-сола, яке аз муттаҳамони асосӣ дар рабудани кӯдакон ба ронандае, ки ба ҳайси таксӣ фаъолият мекардааст, барои аз маҳаллаи "Садбарг" то Зарафшон бурдани як ноболиғи рабудашуда 2000 доллар ваъда кардааст.

ВКД: Ахмедова ба гумшавии Сабинаю Малика рабт надорадРӯзномаи “ИмрӯзNews” менависад, аммо “таксист” Кароматулло Маҷидов, ки дар қисми низомии 3502-и ВКД фаъолият доштааст, ин корро анҷом намедиҳад: “Бино ба гуфтаи худи майор Маҷидов, вай беш аз ду сол инҷониб Матлуба Ахмедоваро мешинохт ва баъзан ҳамчун таксист ба ӯ хизмат мерасонид. Ҳанӯз пеш аз оғози моҳи Рамазон буд, ки Ахмедова ба ӯ акси Ф.Б.-ро нишон дода гуфт, нақшаи дуздидани кӯдакро дорад ва бояд Маҷидов кӯдакро аз назди "Садбарг" то ба маҳаллаи Зарафшон расонад. "Ҳаққи хизмат" - 2000 доллари ИМА. Маҷидов розӣ шуд ва... нақшаи ҷинояткоронро ба роҳбарият расонид. Рӯзи гузаронидани амалиёт ҷони худро ба хатар гузошт ва вазифаи наздаш гузошташударо бо сари баланд иҷро кард”.

Қаблан хабар дода шуд, ки бо иттиҳоми рабудани кӯдакон се нафар -- Матлуба Ахмедоваи 48-сола, Раҳмоналӣ Ғиёсови 24-сола, корманди беморхонаи мавсум ба “1-ум Советский” ва як ронандаи таксӣ боздошт шудаанд. Ахмедова соҳибмулки як маркази масҳ дар Душанбе гуфта мешавад. Боздошти ин се нафар замоне иттифоқ афтодааст, ки талоши рабудани як духтарчаи 7-соларо доштаанд. "Ин ҳодиса рӯзи чоршанбе, 20 июли соли равон, дар атрофи Маркази савдои “Садбарг”, дақиқан дар ҳамон мавзеъе рӯй додааст, ки Араловаҳо ва баъдтар Осия гум шуданд. Ф.Б-и 7-сола ҳамсояи Осияву Араловаҳо ва мисли онҳо яккафарзанд будааст. Кӯдаки дуздидашуда баъди ҳамагӣ 20 дақиқа озод карда шуда, ба модараш баргардонида шудааст",-хабар медиҳад рӯзнома.

Манбаъ мегӯяд, ҳангоми кофтуков аз манзили ба иҷорагирифтаи ин гуруҳ дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе асбобу олоти ҷарроҳикунӣ, сӯзандорову ҳабҳои мадҳушкунанда (Феназепам, Диазепам) ва ҳатто либосҳои кӯдакона пайдо шудаанд: "Аз дохили мошине ҳам, ки Ф.Б.-и ноболиғ бо он бурда мешуд, сӯзандорӯи омодашуда пайдо гардидааст, ки бо моеъи мадҳушкунанда омехта шудааст".

Алайҳи боздоштшудаҳо бар пояи моддаи 130 (Одамрабоӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.


Акс аз “ИмрӯзNews”
Мӯҳр
Саид, Ленинобод
Ба макомотхои кудрати хохиш мекунам, ки илочаш бошад ин муттамахмонро тарики хамаи шабакахои телевизони ба мардум нишон диханд то ки шояд дигар фарзандгумкардагон натичае дилхохе ба даст биёранд. Ин муттахмон бошад барои хар як кори кардагиашон дар назди Конун чазои сангин дода шуда, ба хамаи чамбрдидагон маблаги калони зарари модди ва маънави руёнида дода шавад. Озодагон рахмат, ки хамингуна матолибхоро чоп мекунед....

.
Айб аст ки майори артиши точик ба як массажисткаи сто восмой хизмати такси расонад. Лекин замона хамин шудааст. Кори халол куни рузат намегузарад. Офарин майор ки барои пул шуда вичдону имонатро нафурухти.

Самад
Офарин ба чунин шахсони повичдон,ки аз пушти маблаге номуси одамиро нафурухт.Бигзор дар сафи кормандони кудрати чунин шахсиятхоро чой кард.
Худо нигахбонат бошад бародари азиз Мачидов.

Чаро ин хабар дар сайти Вазорати корхои дохили вучуд надорад.

Солех
Озодагон пайгирй кунед, ки ин кудакони маъсумро ин нохалафон чй кор мекардаанд.

Ташаккур, ки ин хел чавонмардон будаанд. Аз барои Худо як хел мусулмонхоро мебинем, ки барои сад сомонй падари худро мефурушанд.

Рахмат бар падару модарат Мачидов! Ин зане, ки номи пуршарафи модарро Харом кард, дар як майдони калон ба ихтиери мардум газоред. Мардум худашон ба зуди илочи ин харомхурро меебанд.

Ин занро хама Боигари Хона мошин дошта бошад. гиред

Эх эъхх истед. О ронанда,ки дусол хизмати и бевара мекардаст. Албат аз хама накшахои у огох будагист. Ман тамоман ба хами милисахо бовари надорум. Диданд,ки такси одами военныйЯй зуд мехоханд аз ботлоки гунох рахояш созанд ва номи милисара паст накунанд гуфта.
Чаро набошад пеш аз рамазон дастгир накарданд бевара модоме,ки ба майор гуфтабудааст накшахояшро ????
Таги коса нимкосае аст. Аз майор кахрамон насозед. Ман шак дорам кихамин дела мунсифона тафтиш мешавад.

Салому алейкум! Бигзор ин худозадахо чазои сазовор бигиранд ва ман тарафдори онам, ки онхоро хама дар шабакахои телевизиони бубинанд

Бахудо касам инчо зери коса нимкосае аст.
Ин хусумати шахси аст мегуяд. О пеш аз рамазон и бева накшаи дуздии кудакро дошт вале и чалолиддин мегуяд барои пул ва хусумати шахси. МайорМайор мегуяд пеш аз оғози моҳи Рамазон буд, ки Ахмедова ба ӯ акси Ф.Б.-ро нишон дода гуфт, нақшаи дуздидани кӯдакро дорад ва бояд Маҷидов кӯдакро аз назди "Садбарг" то ба маҳаллаи Зарафшон расонад. "Ҳаққи хизмат" - 2000 доллари ИМА. Маҷидов розӣ шуд ва... нақшаи ҷинояткоронро ба роҳбарият расонид. Рӯзи гузаронидани амалиёт ҷони худро ба хатар гузошт ва вазифаи наздаш гузошташударо бо сари баланд иҷро кард”.
Нест!!!адолат нест!!!кафолат нест???эътимоду бовари ба кормандони милитса нест!!!!
Хиёнат ба ин миллату ин давлат накунед. Хохиш мекунам чинояткорро нишон дихед хама он амалхое,ки анчом додааст.
Кучо шуд он сузандорухову либосхои кудакона ва аспобхои чаррохикунандаву дорухои бехушкунанда ???

Беэксперт
Илтимос ку е днк е 7 экспертиза гузаронед охи ин чи гап худаш? Мардум 7 экспертиза мехохад- экспертиза..... экспертиза..... экспертиза!!!!

Angel
Эээ чи хел 16.07 сейф гум шудаст ки аввалхои мохи Рамазон гуё ки ин зан ба ронанда сурати Ф.Б-ро нишон дода накшаи дуздидани уро тахия карда бошад. Че то я юмора не поняла. А как же сёмная квартира на Зарафшоне типа с "уликами"...

Инро чихел фаҳмем, ки сейф рузи 16 уми июл гум шудааст пас чаро нақшаи кудакдуздиро пеш аз моҳи Рамазон кашидаанд.

Вакте аз хонаву мошин сузандорую маводи мадхушкунанда ёфтанд-пас чи тавр хусумат байни харду будаст? Тавре расонаи кардед-ки гуё бева бори аввал чиноят содир карда бошад? Ин бевара дар кувваи барк монед ана баъд булбулакаш мехонад!

самй
Ин казия як чизи шубханок дорад. Наход аз Садбарг то Зарафшон бурдан 2000 доллар гирад!?. О дар як сомонй ё холо дар се сомонй любой чо мерй...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)