Ошӯби маҳбусони тоҷику қирғизу озарӣ барои намозгузорию сигоркашӣ
Маҳбусони тоҷик, қирғиз ва озарбойҷонӣ дар зиндони ҷумҳурии Хакасияи Русия исён кардаанд.
Тибқи итттилои расонаҳои русӣ ошӯбгарон талаб кардаанд, ки дар ҳар замони барояшон мувофиқ намоз хонанд. Маҳбусон ҳамчунин хостаанд, ки номашон дар либос навишта нашавад, тугмаи болоии либосҳоро набанданд ва дар ҷойҳои дилхоҳи худ сигор бикашанд.
Дафтари матбуоти кумитаи тафтишотии ҷумҳурии Хакасия дар шарҳи қазия гуфтааст шаби 24 ба 25-уми июл маҳбусони боздоштгоҳи ислоҳии рақами 35 даст ба талаботи ғайриқонунӣ задаанд. Кумитаи тафтишотӣ гуфтааст нисбати ин қазия аз рӯи моддаи “ташкил ва ширкат дар бетартибии оммавӣ”парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Дар иттилоияи кумитаи тафтишотӣ гуфта шудааст, инчунин маҳбусон дар саркашӣ аз талаботи қонунии маъмурин айбдор мешаванд: “Бетартибии оммавӣ бегоҳии 24-уми июли бо иштироки 242 маҳбус шурӯъ шуд ва соати 5-и рӯзи дигар ҳангоми гузаронидани амалиёти махсус бартараф шуд. Амалиёти махсус бе хисороти ҷонӣ ба анҷом расид”.
Гуфта мешавад, ки яке аз ташкилкунандагони ин ошӯб шаҳрванди Тоҷикистон будааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |