Ҳама ҷавоб барои як нашъаҷаллоб: Натиҷаи хуби қарори ғайриоддӣ
Усмон Қаландаров, ноиби раиси корхонаи “Роҳи оҳани Тоҷикистон” мегӯяд, дар ин корхона қоидае амал мекунад, ки бар асоси он агар як роҳбалад ба интиқоли нашъа даст занад, тамоми ҳайати кормандони қатор аз кор озод мешаванд.
Қаландаров имрӯз, 26-уми июл дар посух ба суоли “Озодагон” гуфт, ин қарор ба низомномаи корхона ворид шудааст. Ӯ интиқоли нашъаро барои кормандони роҳи оҳан ва корхона масъалаи нанг хонда, илова намуд, ки хушбахтона соли равон ягон ҳолати интиқоли нашъа аз ҷониби тобеинаш сабт нашудааст: “Ягон корманд боздошт нашудааст”. Масъулини роҳи оҳан мегӯянд, бо роҳандозии ин қоида мехоҳанд, масъулияти ҳар корманди қаторро бештар кунанд то алайҳи нашъаҷаллобӣ талош намояд.
Қаландаров таъкид кард, ки барои пешгирии қонуншиканиҳо девори атрофи пойгоҳи вагонҳоро бо симхор печонда, дастгоҳҳои назоратиро насб кардаанд.
Ин дар ҳолест, ки қаблан дар пайи боздошти ду роҳбалади қатори Душанбе-Маскав бо 30 кило героин дар Астрахан бархе аз мақомдорони Русия, аз ҷумла Дмитрий Рогозин, муовини сарвазири Русия, пешниҳод кард, ки омадурафти қаторҳои Тоҷикистон ба ин кишвар қатъ гардад.
Роҳбарияти КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” изҳор дошт, ки мақсад аз маърака алайҳи қаторҳои тоҷик ба даст овардани бозори мусофиркашонии Тоҷикистон аст, чун Русия аллакай қисмати асосии бархе аз бозорҳои кишварҳои ИДМ-ро соҳиб шуда, мехоҳад, бозори Тоҷикистонро низ ба ихтиёри худ гирад. Аммо қазия баъди сафари Владимир Якунин, роҳбари Роҳи оҳани Русия ба Тоҷикистон ва мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон зоҳиран ҳал гардид ва даъвои мақомоти Русия низ қатъ шуданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |