Ҷилавгирӣ аз қочоқи беш аз 21 тона пиёз аз Тоҷикистон ба Қирғизистон
Хадамоти мубориза бо ҷиноёти иқтисодии Қирғизистон аз қочоқи 21,2 тонна пиёз аз Тоҷикистон хабар додааст.
Дафтари матбуоти ин ниҳод гуфтааст, ин миқдор пиёз ҳангоми як чорабинии фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар рустои Бешкенти ноҳияи Лайлак, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, ошкор шудааст: “Кормандон ҳангоми аз назар гузарондани боркаши “ДАФ” зери идораи “Н.Д.”, шаҳрванди Қирғизистон 21,2 тонна пиёзи дар эъломия сабт нашуда, ки маблағи умумии он 148,4 ҳазор сом (2212 доллар)-ро ташкил медиҳад ошкор сохтанд”.
Ба иттилои манбаъ, аз рӯи ин далел бар пояи моддаи қочоқ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |