Мушкили дастрасӣ ба сомонаи Маркази тестӣ дар рӯзи эълони натиҷаҳо

Довталабони макотиби олии Тоҷикистон аз дастрасӣ ба сомонаи Маркази миллии тестӣ шикоят доранд.
Бархе аз довталабон бо “Озодагон” дар тамос шуда, гуфтанд, имрӯз, ки натиҷаи имтиҳонҳо эълон шудаанд, онҳо наметавонанд вориди сомона ва утоқи шахсии худ гарданд.
Хабарнигорони “Озодагон” низ тариқи чанд ширкати дастраскунандаи интернет натавонистанд вориди сомонаи Маркази миллии тестӣ шаванд. Аммо Ситора Киромова, сухангӯи Маркази миллии тестӣ ба “Озодагон” гуфт, мушкиле вуҷуд надорад. Ӯ изҳор дошт, аз соати 6-и субҳи имрӯз ба онҳое, ки ба озмуни тақсимотӣ роҳ ёфтанд “смс” ё паёмак равон кардаанд: “Шояд ба далели аз ҳад зиёд будани корбарон мушкили дастрасӣ бо сомона пайдо шудаст. Инчунин ҳастанд ҳолатҳое, ки довталабон аз надонистани рамзи худ наметавонанд вориди кабинети инфиродии худ гарданд. Баъзеҳо ба ҷои ном рақами инфиродӣ ва ё рамзи худро нодуруст менависанд. Вале дар баробари ин мо ба рақамҳои довталабон паёмакҳоро равон карда будем. Кормандони марказ 24 соат фаъол ва омодаи кумак ҳастанд”.
Ба иттилои Киромова аз 84 ҳазору 644 нафаре, ки дар Маркази миллии тестӣ сабт шуданд, 78 ҳазору 205 нафарашон дар имтиҳонҳои қисми А ва Б иштирок доштанд ва 59 ҳазору 260 нафар ба озмуни тақсимотӣ роҳ ёфтаанд: “Марҳилаи ниҳоӣ санаи 3 август баргузор мешавад”.
Масъулини Маркази миллии тестӣ аз довталабоне, ки наметавонанд вориди утоқҳои инфиродии худ гарданд, даъват намуданд, ки бо рақамҳои 224 53 66/ 224 53 67/ 224 53 68 ё 93 333 38 24 дар тамос шаванд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |