Театри давлатии драмаи русии ба номи Маяковский-и Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии театрҳои русии ИДМ ва Балтика, ки дар шаҳри Санкт-Петербург баргузор гардид, иштирок намуд.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз вазорати фарҳанг хабар доданд, дар ин чорабинии фарҳангии байнамилалӣ аз ҷониби театри мазкур намоишномаи «Се хоҳар» пешниҳоди тамошочиён гардид.
Ба гуфти роҳбари фестивал Шуб, намоишномае, ки аз тарафи ҳунармандони Тоҷикистон намош дода шуд дар фестивал, яке аз беҳтаринҳо буда, диққати бештари тамошочиёнро ба худ ҷалб намуда, сазовори баҳои баланди мутахассисони соҳа гардид.
Мӯҳр